Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузаргоҳи нав дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон


Рӯзи панҷшанбеи 26 январ бо кӯмаки ҳукумати Амрико дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон, 70 километрии ғарби Душанбе бинои ҷадиди гузаргоҳи марзӣ боз шуд. Ричард Ҳоугленд, сафири ИМА дар Душанбе зимни ифтитоҳи бинои гузаргоҳ гуфт, кӯмаки мазкур аз ҷумлаи ёриҳои ҳукумати Амрико ба марзбонони тоҷик аст: Ӯ гуфт, «Ҳамзамон бо бинои нави гузаргоҳ мо ба марзбонони тоҷик таҷҳизоти ташхис, васоити нақлия ва дастгоҳҳои кӯчаки тавлиди барқ ва ё генераторҳо тақдим намудем. Ин кӯмаки навбатии мо ба марзбонони тоҷик бо ҳадафи дар сатҳи байналмилалӣ бардоштани кори онҳо аст. Дар як соли ахир мо ба марзбонони тоҷик ҳудуди 35 миллион доллар кӯмак кардем.»
Сафири Амрико ҳамчунин гуфт, маблағи бунёди гузаргоҳи мазкур ба 80.000 $ баробар аст. Дар ҳамин ҳол, Саидамир Зуҳуров, раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон бо изҳори сипос ба ҳукумати Амрико гуфт, ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвар дар масъалаи таҳкими марзҳои тоҷик идома хоҳад кард: «Иншоот ҳанӯз ба охир нарасидааст ва ҳукумати Амрико барои анҷоми ин иншоот ҳудуди 130 ҳазор доллари дигар ҷудо кардааст. Бо кӯмаки Амрико дар оянда чунин гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бунёд карда мешавад. Барои ин иншооти нави гузаргоҳҳои марзӣ феълан таҷҳизоти зарурӣ ва нақлиёт ба ихтиёри кумитаи марзбонии Тоҷикистон гузошта шудааст. Пас аз бунёди ин иншоот мо онро ба ихтиёри марзбонон хоҳем гузошт.»
Ҳамзамон, оқои Зуҳуров, шомил шудани Ӯзбакистон ба Созмони ҳамкории иқтисодии Авруосиё дар як рӯзи қаблро истиқбол кард ва афзуд, имкон дорад, дар зимн низоми раводид миёни Тоҷикисону Ӯзбакистон лағв ва мушкили равуои шаҳрвандони ин кишварҳо ба қаламрави якдигар осон шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ шаҳрвандон барои дарёфти раводид ҳатто ҳафтаҳо интизор мешаванд. Дар ҳамин ҳол, Пол Шот, ҳамоҳангсози барномаи назорат бар амнияти марзии сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, лоиҳаи бунёди гузаргоҳ дар марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ду сол қабл тарҳррезӣ шуда ва тасмим аст, дар чанд минтақаи марзи Тоҷикистону Афғонистон низ чунин гузаргоҳҳо бунёд кунем, ки дар маҷмӯъ маблағгузории он ҳудуди 10 миллион долларро ташкил хоҳад кард.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG