Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эронро чӣ фардое интизор аст?


Нашрияи «Миллат» дар матлаби худ, ки онро «Агар фардо ҷанг оғоз шавад» ном ниҳодаву дар сафҳаи аввали худ ҷой додааст, навиштааст, "Эрон имрӯз як сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон аст ва ҳар гуна фишор болои Эрон танҳо бар зарари Тоҷикистон хоҳад буд". «Миллат» сафари ҳафтае қабли раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Эрон дар айни шиддати қазияро нишони ҷасорати таърихӣ ва талоше ҷиҳати мусоидат барои ҳалли мусолиматомези мушкил номидааст. Ба ҳар навъ, ҳадс задааст нашрия, Амрико дар шароите қарор надорад, ки бо кишваре назири Эрон вориди ҷанг бишавад.

Ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи ҲНИТ, Исроилро ҷонибдори ашаддии ҷанг бо Эрон хондааст. Ва аммо аз ҳар гуна фишор ва таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Теҳрон, ки мунҷар ба боло рафтани нархи нафт мегардад, дар баробари Эрон Аврупо ҳам зарар мебинад, навиштааст «Наҷот». Ва маҳз аз ин лиҳоз, менависад муаллифи матлаб, аксарият майл ба идомаи гуфтушунидҳо доранд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияҳои ҳукуматӣ аз боздиди Эмомалӣ Раҳмонов аз Эрон ва дидору гуфтугуҳои ӯ бо раҳбарияти ҷумҳурии исломӣ гузоришҳо чоп кардаанд. «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, Эмомалӣ Раҳмонов дар дидор бо Маҳмуди Аҳмадинажод сафари расмии худ ба Эронро "оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои рушдёбанда ва мутақобилан судманди байни ду кишвар" хондааст. «Минбари Халқ», нашрияи ҲХДТ, матлаби худ дар бораи сафари Раҳмонов ба Теҳронро «Эрону Тоҷикистон ду қалби як бадананд» номгузорӣ кардааст.

Ҳизби тозатаъсиси ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ақидаҳоро дар бораи он, ки ин ҳизб сунъӣ ва тарафдори ҳукумат мебошад, рад намудааст. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз қавли Олим Бобоев, раҳбари ин гурӯҳи сиёсӣ овардааст, ки ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мақсад дорад, дар интихоботи навбатии парламентиву президентии Тоҷикистон номзадҳои худро пешбарӣ намояд.

Идомаи баҳси Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо корхонаи обу корези Душанбе дар мавриди мушкили оби пок дар пойтахт аз мавзӯъоти дигаре буд, ки ин ҳафта дар нашрияҳои Душанбе мунъакис гардида буд.

«Наҷот» номаи Петра Зайдлер, раҳбари Лоиҳаи обтаъминкунии Душанбе унвонии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва посухи Муҳиддин Кабирӣ, муовини раиси ҲНИТ-ро дар як сафҳа паҳлӯи ҳам чоп кардааст. Петра Зайдлер мегӯяд, ҷаноби Нурӣ дар сӯҳбаташ бо нашрияи "Миллат" масъулини оби Душанберо ба ришвахорӣ муттаҳам кардааст. Петра Зайдлер талаб дорад, ки Саид Абдуллоҳи Нурӣ узр бипурсад. Дар акси ҳол онҳо ба додгоҳ шиква хоҳанд бурд. Муҳиддин Кабирӣ, ки дар муддати табобати Саид Абдуллоҳи Нурӣ намояндаи ӯ дар баррасии ин баҳс таъйин шудааст, посух додааст, ки як гурӯҳи корӣ мусоҳибаи раиси ҲНИТ-ро таҳқиқ намуда, дар ҳарфҳои ҷаноби Нурӣ ягон ишорае ба ришвахорӣ дар Лоиҳаи обаъминкунии Душанбе пайдо накардааст.

Нашрияи «Миллат», ки мусоҳибаи баҳсангехтаи Саид Абдуллоҳи Нуриро чоп карда буд, дар шумораи тозаи худ номаи фавқуззикри Петра Зайдлер ва ҳам як навиштаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, масъули бахши таҳлилии ҲНИТ дар ин мавзӯъро чоп кардааст. Дар навиштаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода омадааст, тақозои дубораи бахшиш аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ чунин андешаеро ба миён меорад, ки баҳси матраҳшуда ё аз ноогоҳии комил ба вуҷуд омадааст ва ё баҳсест фармоишӣ.

Дар нашрияҳои чопи Душанбе ҳамчунин матолибе дар мавзӯъи вазъи барқу газ дар шаҳри Душанбе дар ин фасли сармо чоп шудааст. Хабарнигорони нашрияҳо як шабро дар шӯъбаи навбатдории ҳукумати пойтахт гузаронида ва арзу шикваҳои сокинони пойтахтро шунидаву сабт кардаанд. Хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, танҳо то соати даҳи шаб беш аз сад муроҷиати шаҳрвандон ба шӯъбаи навбатдории ҳукумат ворид шуд. Хабарнигор навиштааст, таҷҳизоти фарсуда ва истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ на танҳо маҳаллоти атрофи шаҳр, балки ҳатто марказро ҳам аз барқ маҳрум месозад.

«Бизнес и Политика» вазъи бозорҳои Тоҷикистонро арзёбӣ намудааст. Дар матолиби ин рӯзнома омадааст, бозорҳои Душанбе аз нигоҳи танзиму тартиб ва бехатарии санитарӣ ба ягон меъёр посухгӯ нестанд. Ба вижа, «Корвон», бузургтарин бозори Тоҷикистон барои ба қавли муаллиф, бетартибиву бенизомиҳояш, зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст
XS
SM
MD
LG