Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба пирӯзии Ҳамас дар интихоботи Фаластин


Ҷумбиши исломии Ҳамас мегӯяд, ки дар интихоботи порлумонии 25 январ аксари кулли курсиҳоро ба даст овард.
Мансабдорони ин ҷумбиши ифротгаро таъкид мекунанд, ки намояндагони Ҳамас беш аз 50 дар 100 курсиҳои Шӯрои Қонунгузори Фаластиниҳоро дар ихтиёр хоҳанд дошт.
Дар шаҳри Ғазза сухангӯи Ҳамас Самиъ Абӯ Зуҳрӣ гуфт:
"Бар пояи омори пешакӣ ҳаракати Ҳамос тахминан 75 курсии Порлумонро соҳиб мешавад. Бо назардошти ин натиҷа Ҳамос тасмим гирифт бо ҳизбҳои сиёсии фаластинӣ, раис Маҳмуд Аббос ва бародарон аз ҷумбиши Фатҳ тарзи ҳамкориҳои сиёсӣ дар қадами навбатиро машварат намояд. Мо умед дорем, як ниҳоди фаластинии воҳидро ташкил намоем, ки дар он ҳамаи нерӯҳои фаластинӣ бар асоси барномаи муштараки сиёсӣ гирдиҳам оянд."
Мансабдорони Кумитаи Марказии Интихоботи Фаластин мегӯянд,ки натиҷаҳои расмии интихоботи 25 январ шоми рӯзи панҷшанбе (26 январ) эълон хоҳад шуд. Назар ба гузоришҳои расида аз 1,3 миллион шахси дорои ҳаққи овоздиҳӣ дар интихоботи рӯзи чоршанбе 70 дар 100 ширкат варзидаанд.
Сарвазири фаластинӣ Аҳмад Қуреъӣ истеъфояшро эълон намуд ва раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос истеъфоро қабул кард. ИМА ҳушдор дод, ки бо Ҳамос сари мизи музокирот намешинад. Вашингтон ин ҷумбишро гурӯҳи террористӣ мешуморад. Сарпарасти мансаби сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, ҳукумати фаластиние, ки дар он ҷумбиши Ҳамос нақш дорад, мавриди пазироии давлати яҳудӣ қарор нахоҳад гирифт.
Вале Комиссари равобити берунаи Иттиҳодияи Аврупо хонум Бенита Ферреро-Валднер изҳор намуд, Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамкорӣ бо ҳар ҳукумати фаластиние, ки дар паи ҳалли осоиштаи низои Ховари Миёна мебошад, омода аст.
XS
SM
MD
LG