Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон рӯ ба ҳампаймонони пешина меорад


Ислом Каримов - раиси ҷумҳури Узбакистон ҳануз моҳи ноябр дар ҷараёни боздид аз Маскав эълом карда буд, ки кишвараш ба узвияти ин Созмон медарояд. Берунӣ Олимов - сухангӯи раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, узвият дар Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё имконоти бештари ҳамкориҳоро фароҳам меорад:

Пайвастани Узбакистон ба ин созмон, табиъатан, шароити мусоъидеро барои равобити чандҷонибаи таърихӣ фароҳам меорад. Дурнамои хубе барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиёт, сохтмони роҳҳои байналмилалии автомобилрав ва роҳи оҳан ба вуҷуд меорад.

Узбакистон шашумин узви Созмони мазкур аст. Ин ниҳод соли 2000 ташкил шуд ва Русияву Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон аз созмондиҳандагони он ба шумор мераванд. Ҳоло намояндагони кишварҳои дигари Шуравии собиқ, яъне Молдоваву Украин ва Арманистон дар ин созмон ба унвони нозир ширкат мекунанд. Аз замони ба даст овардани истиқлол дар соли 1991 Узбакистон кушид тавозуни ҳамкорӣ бо Амрикову Русия ва Чинро дар минтақа нигоҳ дорад. Акнун чунин ба назар мерасад, ки Тошканд ба суи Русия оғуш боз кардааст ва бо Чин муносиботашро таҳким мебахшад ва ин дар ҳолест, ки Ғарбро канор гузоштааст. Соли гузашта Узбакистон ба ҳузури неруҳои Амрико дар қаламраваш мухолифат нишон дод ва амрикоиҳо Узбакистонро тарк карданд. Чунин равиши Узбакистон аз он сарчашма мегирад, ки давлати ин кишвар барои анҷоми расидагии мустақили байналмилалӣ ба руйдодҳои Андиҷон иҷоза надод ва созмонҳои байналмилаливу кишварҳои ғарбӣ, ба шумули Иттиҳодияи Аврупо, Узбакистонро зери интиқод гирифтанд. Иттиҳодияи Аврупо фурӯши аслиҳа ба Узбакистонро мамнуъ эълон кард ва баъзе мақомоти Узбакистон аз ҳақи сафар ба кишварҳои ин иттиҳодия маҳрум шуданд. Ба дунболи он Узбакистон билофосила моҳи ноябр дар Маскав ба мувофиқатномаи ҳамкориҳои стротегӣ бо Русияро имзо кард. Акнун ин қадами дуввуми Узбакистон аст, ки дубора ба ҷамъи муттафиқони қаблии худ дар чаҳорчубаи Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё бармегардад. Баъзе коршиносон пешгуӣ мекунанд, ки Узбакистон то поёни соли ҷорӣ ба Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ низ ворид мешавад, ба созмоне, ки Русияву Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Арманистон дар он узвият доранд. Профессор Стефан Бланк аз Пажуҳишгоҳи мутолеъоти стротегӣ ва умури амнияти миллии вобаста ба Коллеҷи низомии Амрико мегӯяд, ҳоло сиёсати хориҷии Узбакистон бештар муттаваҷҷеҳи Кремл аст:

Шумо мебинед, ки ҳоло Русия дар саросари қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ ташкили блокҳои навини ампротуриро бартарии шумораи рақами яки сиёсати хориҷии худ медонад. Талош дорад, блокҳои энерживу низомӣ, амниятӣ ва созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ташкил кунад, ки дар ҳамаи он Русия нақши таъйинкунандаи сарнавишти ин блокҳо ва созмонҳоро бозӣ мекунад ва ба ин тартиб истиқлоли кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро зери суол мебарад.

Аммо Сергей Лузянин - таҳлилгари рус дар Маскав ба ин ақида розӣ нест:

Дар ду-се соли ахир Русия худро ба унвони сайтараи Шуравии собиқ ва кишвари кумаккунанда нишон намедод, балки чун тарафи ҳамкор, на чун кишвари кумаккунанда нисбат ба Осиёи Марказӣ хеле сиёсати расмӣ дошт.

Аксари коршиносон шак доранд, ки ҳамкориҳо дар чаҳорчубаи Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё ба ҳамкории баробари чандҷониба мубаддал шавад. Онҳо мегӯянд, ки ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон бештар дуҷониба миёни ин кишварҳо хоҳад буд, аз қабили ҳамкории Русия - Узбакистон, Узбакистон - Тоҷикистон ва амсоли он. Гузашта аз ин, бо вуруди Узбакистон ба Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё аз миён рафтани муқаррароти раводид миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Узбакистон дар назар аст, зеро кишварҳои узви Созмон байни худ муқаррароти раводид надоранд.
XS
SM
MD
LG