Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирон ба бонкҳо эътимод пайдо карданд


Ҳарчанд соли гузашта теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар коҳиш ёфт, маблағе, ки муҳоҷирон аз тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон интиқол додаанд, ду маротиба аз буҷаи солонаи ин кишвар зиёдтар аст. Файзулло Холбобоев, мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури иқтисодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, соли 2005 ум ҳудуди 390 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта ва фақат аз тариқи бонкҳо беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд:

Дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони кории Тоҷикистон барои рушди иқтисоди кишвар кӯмаки бас зиёд мерасонанд. Таври маълум, то соли 2000-ум маблағҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон интиқол медоданд, асосан барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии хонаводаашон масраф мегардид. Ҳамакнун, ки вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст, муҳоҷирон бо ин маблағҳои худ бештар амволи ғайриманқул харидорӣ мекунанд. Эътимоди шаҳрвандон ба бонкҳои кишвар афзудааст ва як теъдоди муҳоҷирон маблағҳои худро барои гардиш додан ба бонкҳо амонат мегузоранд. Феълан мо кӯшиш мекунем, ки роҳҳои босамар истифода кардани ин маблағҳоро муайян созем. Муҳоҷирон низ дарк кардаанд, ки истифода аз хизматгузории бонкҳо манфиати зиёд дорад.

Феълан 85 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик барои интиқоли маблағҳои худ аз хизматрасонии бонкҳо истифода мекунанд. Аммо ба иддаои коршиносон, низоми хизматрасонии бонкӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз такмил мехоҳад. Дар ҳоли ҳозир танҳо бонкҳои пойтахт ва марказҳои маъмурии вилоятҳои кишвар фаъолияти муназзам доранд, аммо бархе аз сокинони навоҳии дурдаст аз бонкҳои маҳаллӣ шикоят мекунанд. Мирзо Бобоев, раиси маркази пуштибонӣ аз ҷамоатҳои ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, муҳоҷирони корие, ки аз ин ноҳия ба Русия рафтаанд, наметавонанд аз хизматрасонии бонки ноҳия истифода кунанд, зеро ин бонк фаъолияти бонизом надорад:

Мӯъминобод як ноҳияи дурдаст аст ва азбаски бонки маҳаллӣ фаъолияти хуб надорад, пайвандони мо, ки дар Русия кор мекунанд, маҷбур мешаванд маблағҳои худро ба бонкҳои Кӯлобу Душанбе ирсол кунанд. Сокинони ноҳия бошанд, барои пулгирӣ ба Кӯлобу Душанбе рафта ва хароҷоти барзиёд мекунанд. Муҳоҷирони корӣ аз ноҳияи мо солона беш 50 ҳазор доллари амрикоӣ интиқол медиҳанд. Аммо агар бонки ноҳия беҳтар фаъолият кунад, ин маблағ бакарат афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Хоҷамуҳаммад Умаров, доктори илми иқтисод ва корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, маблағҳое, ки муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мекунанд, барои рушди иқтисод саҳми назаррас доранд, зеро бо ин маблағҳо метавон тавлидотро дар Тоҷикистон густариш дод ва бо кишварҳои зиёд мубодилаи мол кард:

Шаст дар сади пулҳое, ки муҳоҷирон дар Русия кор мекунанд, тавассути бонкҳо мегузаранд ва 40 дар сади он даст ба даст меоянд, яъне худи муҳоҷирон меоранд ба ин ҷо. Ин омори расмӣ аст. Аммо ба андешаи мо, 40 дар сади ҳамин маблағ аз тариқи бонкҳо ва 60 дар садаш аз тариқи худи муҳоҷирон меояд. Ҳамзамон тибқи маълумоте, ки ҳаст, шаш фоизи пулҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, барои сохтмони корхонаҳои кӯчаки шахсӣ равона карда мешаванд, ки нишонаи хуб аст. Бовар дорам, ки сол то сол ин ҳисса баландтар шудан мегирад. Масалан, таҷрибаи Туркия нишон медиҳад аксари соҳибкорони имрӯзаи турк онҳое ҳастанд, ки солҳои 50-60-уми асри гузашта ба Олмон муҳоҷирати меҳнатӣ карда буданд. Феълан онҳо миллиардер ҳастанд дар он ҷо.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Файзулло Холбобоев, мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умури иқтисод , ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби «Барномаи ҷадиди рушди иқтисодии кишвар» тасмим гирифтааст, ки шароити кори муҳоҷиронро беҳбуд бахшад, то маболиғе, ки аз Русия интиқол дода мешаванд, бештар ба рушди иқтисоди кишвар ҷалб гарданд. Тибқи иттилоъи оқои Холбобоев, ҳамакнун 22 дар сади маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар бонкҳои Тоҷикистон гардиш мехӯранд, ки аз ин ҳам давлат ва ҳам худи муҳоҷирон фоида мебинанд.
XS
SM
MD
LG