Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди нерӯгоҳи Роғун чаро ҳанӯз шурӯъ нашудааст?


Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов - вазири энержии Тоҷикистон, иллати ҳанӯз шурӯъ нашудани сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғунро ба мушкили мушаххас нагаштани маводи бунёдии сарбанд ва саҳми Тоҷикистон дар сохтмони ин нерӯгоҳ иртибот дод ва гуфт, дар ин маврид қарор аст моҳҳои оянда бо ширкати русии Русал тавофуқ ба даст биёяд.

«Мо як лоиҳаро пешниҳод кардем дар мавриди аз тариқи сангу шағал ва хок бунёд кардани сарбанди ин нирӯгоҳ, ки санҷида шудааст ва мувофиқ дар манотиқи зилзилахез аст. Ҷониби Русал ҳам бунёди ин сарбанд аз тариқи битону сементро хуш надорад аз ин рӯ, дар ин маврид ҳоли ҳозир мутахасисионин ширкат пешниҳоди худро мавриди санҷиш қарор додаанд ва агар дар шароити мо мутобиқ бошад аз рӯи пешниҳоди худ кор мекунанд.»

Оқои Нурмуҳаммадов гуфт, ҷиҳати мушаххас кардани саҳми Тоҷикистон дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун бар асоси қарори ҳукумати кишвар як комиссия бо шумули намояндагони вазоратҳои энержӣ, молия, иқтисод ва савдо инчунин кумитаи амволи давлатӣ таъсис шуда ва фаъол аст. Аммо, гуфт ӯ, феълан дар мавриди саҳми Тоҷикистон дар бунёди ин нирӯгоҳ рақами мушаххасеро наметавонад ном барад. Вале, ба гуфтаи ӯ, ба ҳар сурат соли гузашта Тоҷикистон барои бори аввал дар чанд соли ахир бештар аз 17 миллиард киловатт соат барқ тавлид кард. Ин дар ҳолест, ки мегӯяд вазири энержӣ, талаботи сокинон ба нерӯи барқ ҳар сол то чаҳор дарсад афзоиш мекунад. Барои мисол ба эътиқоди ӯ агар дар замони шӯравии собиқ, ки ҳамаи корхонаҳо фаъол буданд, талаботи шаҳри Душанбе ба нерӯи барқ 2 миллион киловатт соат дар шабонарӯз буд, вале феълан, сокинон ва корхонаҳои Душанбе дар як шабонарӯз бештар аз 9 миллион киловатт соат барқ истифода мебаранд.
Ба гуфтаи вазири энержии Тоҷикистон, ҷиҳати афзоиши тавлид ва содироти барқ бо ҷониби Эрон дар сафари ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин кишвар тавофуқ ба даст омадааст: «Аз тарафи вазорати энергетика мо се созишнома бо ҷониби Эрон ба имзо расонидем. Аввал сохтмони хатти барқи баландшиддат аз Сангтудаву Роғуну Қундуз то Ҳироту Машҳад, дуввум дар мавриди асноди ба тасвиб нарасида ҷиҳати оғози сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда 2, саввум дар мавриди роҳандозии бунёди ин нирӯгоҳ аз тариқи усули биоти, яъне ҷониби Ирон дар давоми 12 солу шаш моҳ ин нирӯгоҳро бунёд мекунад, ба истифода медиҳад, ва ҳарҷу фоидаашро гирифта ниругоҳро ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад.»
Ба эътиқоди оқои Нурмуҳаммадов, маросими бунёдгузорӣ ба нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда - 2, бистуми феврали соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG