Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар - рақиби Тоҷикистон


Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси федератсияи футболи Тоҷикистон бо эълони ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бозӣ бо хоҳиши раҳбарияти федератсияи футболи Қатар як моҳ пештар -- рӯзи 14 феврал дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Доҳа баргузор мешавад ва бинобар ин дар тақвими баргузории мусобиқоти ҷумҳуриявӣ баъзе тағйирот ворид шудааст. Аз ҷумла, бозӣ барои дарёфти Ҷоми олӣ ё Суперкубоки Тоҷикистон миёни «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - қаҳрамони феълии кишвар ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода - барандаи Ҷоми Тоҷикистон, ки мебоист рӯзи 9 март сурат мегирифт, пас аз анҷоми мусобиқаи анъанавии Ҷоми Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик доир хоҳад шуд. Мирзо Муҳаммадҷонов афзуд, марҳалаи аввали Ҷоми Рустам Долтабоев аз 18 то 28 феврал ва давраи ниҳоии он аз 2 то 12 март сурат мегирад. Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 12 апрел оғоз меёбад. Ба гуфтаи Мирзо Муҳаммадҷонов, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Қатар ва Тоҷикистон барои ҳарду даста як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қитъавӣ маҳсуб мешавад.

Воқеан, дастаи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC - Конфедератсияи футболи Осиё бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард. Тибқи қуръакашӣ ин дастаҳо ба гурӯҳи «D» шомил шудаанд. Мусобиқот бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишварҳои гурӯҳи «зуҳурёфта» аз 24 март то 9 апрел баргузор мешавад. Бозиҳои гурӯҳи «D» дар Бангладеш доир хоҳад шуд. Тими миллии Қатар дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё, ки аз 22 феврал то 16 ноябри соли равон баргузор мешавад, дар гурӯҳи F бо дастаҳои Узбакистон, Ҳонконг ва Бангладеш рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG