Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия -- зидди ирсоли парвандаи Эрон ба Шӯрои амният


Дар муқобили кӯшишҳои Ғарб ба ирсоли парвандаи Эрон ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Русия даъват кард, ки баҳси пиромуни барномаи ҳаставии Эрон бо василаҳои дипломатӣ ва дар чаҳорчӯби Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳаставӣ ҳал шавад. Мавқеъи расмии Русия ба думболи гуфтушунид миёни дабири Шӯрои амнияти Русия Игор Иванов ва музокиракунандаи асосии ҳаставии Эрон, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ эълон шуд. Ҳамзамон бо ин мулоқот ҳамчунин дар Маскав дидори ноиби вазири корҳои хориҷии Эрон Маҳдии Сафарӣ бо раиси бунгоҳи ҳаставии Русия Сергей Кириенко нашр шуд. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аз шурӯъи дубораи пажӯҳишҳои марбут ба барномаи ҳаставии Эрон изҳори ташвиш кардаанд. Онҳо мехоҳанд, баррасии масъала барои эълони таҳримҳои эҳтимолӣ ба Шӯрои амнияти СММ супурда шавад. Эрон иттиҳомоти коркарди силоҳи ҳаставиро рад мекунад ва мегӯяд, барномаи ҳаставии он хосияти осойишта дорад. Эрон ҳушдор додааст, ки ирсоли парванда метавонад, Теҳронро ба ғанигардонии уран ва коркарди пурра ва таслиҳотии он дар дохили кишвар водор намояд.
XS
SM
MD
LG