Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзеъгирии Русия дар баробари интихоботи ояндаи Тоҷикистон


Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе вазъи сиёсии Тоҷикистонро дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мӯътадил арзёбӣ карда гуфт, дар ин кишвар ҳизбҳои ҷадид ташкил шудаанд ва аҳзоби фаъоли сиёсӣ ба ин интихобот омодагии ҷиддӣ мебинанд. Аммо ба гуфтаи оқои Абдулатифов, гарчи раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ҳанӯз мушаххас накардааст, ки оё дар интихоботи имсола ширкат мекунад ё на, Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ин дафъа низ номзадии оқои Раҳмоновро ба мақоми президентӣ пешбарӣ хоҳад кард: "Агар ошкоро бигӯем, бешак, имрӯз фардеро намебинем, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рақиби баробар ва арзандаи Эмомалӣ Раҳмонов бошад ва ё мисли Раҳмонов роҳбарии ин давлатро ба дӯш бигирад. Гузашта аз ин, оқои Раҳмонов тайи солҳои роҳбарияш корҳои зиёдеро анҷом додааст ва ман фикр мекунам, ки ин раванди давлатдориро бояд нигаҳ дошт. Аз ин рӯ, ба гумони ғолиб, интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ифодагари ҷонибдории мардум аз сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмонов бошад".
Дар ҳамин ҳол, аҳзоби мухолифи Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар номзадҳои арзанда ба маснади президентӣ ҳастанд, аммо онҳо имкони тарғиби барномаҳои худро надоранд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: "Чизе, ки сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, аслан барои таърихи муносиботи дипломатии Русия нав нест. Зеро ки ҳам дар давраи шӯравӣ ва ҳам баъди он ҳукумати Русия кӯшиш мекард, ки новобаста аз табиати низомҳои мавҷуда, бештар ба қудрат ва ҳукумати расмӣ такя кунад. Ин суҳбатҳо, ки гӯё дар сурати сари қудрат омадани намояндаҳои аҳзоби дигар, аз ӯҳдаи идораи давлат намебароянд ва эҳтимолан ба муносиботи байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-Манофеъ латма ворид мекунанд, комилан беасос мебошанд. Ман аслан бо андешаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон розӣ нестам. Ин ҷо мушкилиҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва сиёсӣ ҳастанд, ки ман омодаам дар ҳама гуна сӯҳбат бо сафири Русия ҳақ будани худро собит созам".
Ҳамзамон Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар ҷараёни нишасти худ гуфт, ки дар соли 2005 беш аз се ҳазор нафар дар Тоҷикистон соҳиби ҳуҷҷати шаҳрвандии Русия шудаанд. Ба гуфтаи оқои Абдулатифов, дар оянда Русия азм дорад, дар Тоҷикистон як силсила корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои гаронбаҳо ва кашфу истихроҷи нафту газро бунёд кунад. Дар ин робита аллакай ширкати «Газпром»-и Русия барои кашфи конҳои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон панҷ миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG