Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Садои ҳамватан". Рӯшанфикрони тоҷик дар Қазоқистон


Дар давраи дуввум ва севвуми муҳоҷирати тоҷикон ба Қазоқистон, яъне дар давраи оғози ҷанги дохилӣ гурӯҳи бузурги рушанфикрони тоҷик кишварро тарк карданд. Ба гуфтаи Сафар Абдулло -ховаршиноси тоҷики муқими Алмаато , ағлаби рушанфикрони ру ба ғурбат ниҳода онҳое буданд, ки соли 1991 дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон сиёсатмадор Давлати Худоназарро ҷонибдорӣ карданд ва ё дар Ҳизби Демократ ё созмони мардумии "Растохез" узвият доштанд. Сафар Абдулло низ аз ҷумлаи чунин ашхос буд. Вай он солҳоро ин гуна ба ёд меорад:

"Ман то оғози солҳои 90-ум дар донишкадаи адабиёти вобастаи Иттиҳодияи нависандагони Шуравӣ устоди ин донишкада будам. Давраи кор ва зиндагӣ дар Маскав ман бо устод Олҷас Сулаймонов-шоири бузург ва номовари Қазоқистон ифтихори ошноӣ пайдо кардам. Баъд аз воқеаҳои оғози солҳои 90-ум ман маҷбур шудам авохири соли 1992 ва авоили соли 1993 Тоҷикистонро тарк гуям. Хулоса, ба Олҷас телефон кардам, ки гуфт зудтар биё. Он лаҳзае, ки Олҷас манро дид, хеле хуш истиқбол кард"

Сафар Абдуллову Қодири Рустам дар ин ҷо бо корҳи пажуҳиши илмиву устодӣ дар донишгоҳ ва хабарнигорӣ шуғл варзиданд. Мухаббати Қаноат , Қурбоналӣ Идрисов ва Муҳаммадҷон Маликов фаъолияти хешро чун тарҷумон идома доданд. Бархе аз рушанфикрон ру ба тичорат оварданд. Адиб ва рузноманигор Қодири Рустам мегуяд, ки ғарибӣ ба ҳама, ба вижа ба рушанфикр бадбахтист , вале бартарӣ ҳам дорад:

"Ғарибӣ бадбахтист, аслан барои ҳамаи мардум бадбахтист, ба хусус барои рушанфикр. Рушанфикр берун аз муҳити худ аз пайванди руҳӣ ва қалбӣ бо мардуми худ ҷудо мешавад, ки ин омилҳои манфии ғарибист. Рушанфикрон ба мисли як муҳаррик дар ҷомеъа ҳастанд. Вале вақте, ки рушанфикр ба ватан бармегардад, бояд ниёз ба он буда бошад. Яъне то он замоне , ки масалан ниёз ба Акбари Турсон дар Тоҷикистон нест, у чаро баргардад. У беҳтараш дар Амрико бошад ва фарҳанги моро дар Амрико муъаррифӣ кунад. Аз ҳамин назар ҳам, будани рушанфикр дар миёни мардуми бегона, дар ҷомеъаи бегона бартарии хосе дорад. Ва ин бартарӣ он аст, ки ин мардуми бегона ба воситаи вай бо фарҳанг, тамаддун ва торихи мо шинос мешаванд.Чунон ки мо мебинем ин гуна рисолат бар души Сафар Абдулло аст. Вай аз тариқи матбуъоти Қазоқистон , аз тариқи шабакаҳҳи мухталифи телевизиони Қазоқистон дар бораи фарҳанги мо дар бораи забон, адабиет, торихи мо суханрониҳои пурмуҳтаво дошт. Сафар Абдулло бо беҳтарин намояндагони илму адаби Қазоқистон дустӣ дорад, ки дар байни онҳо Олҷас Сулаймонов, Мурод Авезов ва Мухтор Шаханов ҳастанд. Ва ин рушанфикрони қазоқ пеш аз ҳама ба воситаи Сафар ошноии амиқ бо фарҳанги мо пайдо карданд ва муҳаббати хоса ба мардуми мо доранд".

Ба гуфтаи Қодири Рустам, Сафар Абдулло ҳамчунин ин солхо асари «Равобити торихӣ ва фарҳангии Ирон ва Дашти Қипчоқ дар қарнҳои Х111 ва ХУ11» ва китоби « Андешаҳои Абай»- ро ба чоп расонд. Ҳамчунин достони нависандаи бузурги қазоқ бо номи « Гурги хокистарӣ »-ро ба форсӣ тарҷума ва интишор кард. Вале хидмати басо бузурги Сафар Абдулло, ба андешаи Қодири Рустам , аз ҷониби у танзиму тадвин ва омодаи чоп кардани осори ҳаштҷилдаи адиби маъруфи қазоқ Олҷас Сулаймонов аст. Ҳамчунин баъди дар Қазоқистон маскан гузидани муҳоҷирони тоҷик бори нахуст асари бадеии тоҷикӣ маҷмуъаи қиссаву ҳикоёт ва мақолоти Қодири Рустам бо номи « Рудакӣ , фаромушӣ , Чингизхон ва хар», маҷмуъаи мақолоти илмии Сафар Абдулло бо номи "Нури Сухан" ва «Магические мости» ( Пулҳои сеҳрнок), китоби гулчини абёти классикон ( баргузидаи Акбаршо Искандаров) ва китоби дарсии "Алифбо" ва "Забони модарӣ" ба забони тоҷикӣ ба табъ расиданд. Ҳоло поин будани донишу маърифати муҳоҷирони рушанфикрони тоҷики муқими Қазоқистонро нигарон кардааст. Бархе аз муҷочирон ҳарчанд хатмкардаи мактабанд, вале саводи кофӣ надоранд ва ҳатто ному насаби хешро дуруст навишта наметавонанд, ки ин ба андешаи Сафар Абдулло, баёнгари вазъи имрузаи мактабу маорифи Тоҷикистон аст ва он чиддан ниёз ба ислоҳ дорад:


"Имруз Тоҷикистон ва масъулини кишвар андеша накунанд, ки танҳо аз тариқи савод омухтан, на саводи дуруғин, на донишгоҳҳои дуруғин, ки барояшон мадрак медиҳад, ки онҳо фориғ-ут-таҳсил шуданд, балки агар саводи воқеӣ нагирем, мо ба ҳеҷ ҷое нахоҳем расид".

Рушанфикрони тоҷик дар андешаи он ҳастанд, ки бо баргузор кардани маҳфилҳои фарҳангиву машғулият ва дарсҳо донишу маърифати мухоҷирони тоҷики муқими Қазоқистонро боло бибаранд. Ҳамчунин дар оғози соли равон дар Алмаато маҳфили фарҳангии тоҷикон баргузор шуд, ки ҳадафи он мусоидат ба рушди фарҳангу маърифат ва боло бурдани донишу худогоҳии муҳочирони тоҷик дар Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG