Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозӯи қавӣ ва соиди латиф хоҳед, ба фитнес-club оед


Ва аммо ба оҳистагӣ ин варзиш ба Тоҷикистон ҳам роҳ бурд ва бо бозгашти Толеъ Холназаров - қаҳрамони ҷаҳон дар мусобиқоти пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ аз Алмаато-пойтахти Қазоқистон ба Душанбе рушд кард. Ҳамакнун дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон толорҳои варзишии тамрини бадан зиёданд ва дар онҳо усулан ҷавонон тамрини бадан мекунанд. Мо тасмим гирифтем, озими толори варзиши бодубилдинг ва пауэрлифтинг шавем, ки дар он беш аз 200 нафар таҳти назари устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ, Толеъ Холназаров тамрини бадан доранд. Ҳамзамон, дар ин бошгоҳи варзиш фитнес ва аэробика ё бадансозӣ низ роҳандозӣ шудааст. Толеъ мегӯяд, «Аз 200 аъзои бошгоҳ беш аз 80 дарсадашон бо тарбияи бадан, зебоии бадан, расоқоматӣ ва бадансозӣ машғуланд.Ин дар мавридест, ки 20 дарсади ҷавонон аз машқҳои касбии варзишӣ кор мегиранд ва ба мусобиқоти қаҳрамонӣ дар ҳудуди кишвар омода мешаванд».

Толеъ Холназаров, ки чанд моҳ қабл дар мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг дар ИМА ҷои дуввумро касб кард, меафзояд, «Ҳамакнун 40 тан аз занону духтарон низ ба тамрини бадан машғуланд. Аксарияти кулли занҳои тоҷик бо бадансозӣ шуғл доранд. Ин дар мавридест, ки занҳо усулан барои вазнзудоӣ талош доранд».

Гуландои Халилова - қаҳрамони Осиёи Марказӣ дар армрестлинг, ё дастхобонӣ дастпарвари ҳамин толор аст. Ӯ мегӯяд, «Тамоми навъи варзиш бадани занро зебо, дилкаш, расо ва болобаланд мекунад. Ба тамрини бадан рӯ овардани занҳои маҳаллӣ фоли нек аст ва аммо бонувони тоҷик то ҳанӯз аз фитнес-клубҳо танҳо барои бадансозӣ кор мегиранд ва ба вазнбардорӣ машғул нестанд».

Гуландом Халилова - дар соли 2005 қаҳрамони кишвар, қаҳрамони Осиёи Вусто дар Тошканд буд ва дар мусобиқоти ҷаҳонии дастхобонӣ дар Токио дар байни 38 давлат ҷойи 12 - ро касб кард. Ин дар мавридест, ки Гуландом ягона зан аст дар Тоҷикистон, ки бо сеҳарбаи қудратӣ шуғл дорад.

Ва аммо ҷавонон чӣ? Муайян гардид, ки аксари ҷавонҳо барои бадансозӣ ва барқарор кардани саломатӣ ба толорҳо меоянд. Қудрат-мусоҳиби дигари ман, ки сокини Маскав-пойтахти Русия аст, мегӯяд, «Толорҳои варзишӣ, зӯрхонаҳо ва бошгоҳҳои бадансозӣ дар Тоҷиикстон дар нисбат ба бошгоҳҳои Маскав пешрафта нестанд. Аммо қиммати тамрин низ дар Душанбе ба карат камтар аст»

Ва аммо барои ҷавонони тоҷик, бошгоҳи варзишии «Танзимгар» ё «Регулянт» беҳтарин толори тамрин маҳсуб меравад. Зеро аксари дастгоҳҳои тамринро Толеъ Назаров дар корхонаи инфиродии худ ва бо фановарии пешрафтаи ин соҳа сохтааст. Ва аммо ба толорҳои тамрини бадан солхӯрдаҳо ҳам меоянд. Толеъ Холназаров мегӯяд, «Синни бархе аз варзишгарон аз 50-60 сол беш аст! Дар ин байн занҳои солхӯрда ҳам тамрин мекунанд».
XS
SM
MD
LG