Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Панҷакент куҷо меравад?


Масъулини ҳукумати Панҷакент мегӯянд, 90 сади меъёри муқарраршудаи гази Ӯзбакистон барои сокинони шаҳри Панҷакент аз ҷониби деҳоти наздимарзии вилояти Самарқанди Ӯзбакистон ғайриқонунӣ истифода мешавад. Хуршед Сироҷов, муовини раиси шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ оид ба вазъи мавҷуда изҳори нигаронӣ намуда гуфт, санҷиши ҳайъати кории ҳукумати Панҷакент собит намуд, ки иллати паст будани фишори газ ва камбуди он дар ноҳия дар ғайриқонунӣ истифода шудани газ аз ҷониби бошандагони рустоҳои наздимарзии вилояти Самарқанд мебошад. Ӯ гуфт, дар деҳоти наздимарзии Ӯзбакистон гармхонаҳои калоне мавҷуд аст, ки аз гази ба Тоҷикистон интиқолёбанда истифода мекунанд. Ҷаноби Сироҷов гуфт, тибқи шартнома ҷониби Ӯзбакистон муваззаф будааст, ки ҳамарӯза ба ноҳияи Панҷакент беш аз 20 ҳазор метри мукааб газ интиқол диҳад. Вале, гуфт ӯ, дар ҳоли ҳозир ҷониби Ӯзбакистон ҳамагӣ 5 ҳазор метри мукааб газ интиқол медиҳад, ки он ниёзи ҳатто 35 % -и аҳолии шаҳрро таъмин наменамояд. Ба гуфтаи оқои Сироҷов, барои рафъи мушкили пешомада, ӯ пешниҳод дорад, ки аз ҷониби мутахассисини Тоҷикистону Узбакистон як санҷиши муштарак гузаронида шавад ва лӯлаҳои интиқоли ғайриқонунии газ баста шаванд. Ва дар ҳамин ҳол, як корманди идораи гази ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, оид ба камбуди интиқоли газ ва фишори пасти он борҳо ба масъулини идораи гази вилояти Самарқанд муроҷиат кардаанд, вале то ба ҳол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст ва мардуми Панҷакент дар ин фасли сармо аз норасоии газ дар азоб ҳастанд. Ба гуфтаи масъулини идораи гази шаҳри Панҷакент, дар ҳоли ҳозир, хисораи истифодаи ғайриқонунии газ аз ҷониби сокинони деҳоти наздимарзии Ӯзбакистон ба 50 ҳазор сомонӣ ё беш аз 15 ҳазор доллари амрикойӣ расидааст.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG