Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду инфиҷор дар Аҳвоз


НХ-ХБ

Мақомоти Ирон мегӯянд, ки дар натиҷаи инфиҷори ду бомб дар шаҳри Аҳвоз шаш нафар кушта, дастикам чил нафар маҷрӯҳ шудаанд. Бомби аввал дар назди бонки хусусии "Сомони шаҳид" ва бомби дуввум дар назди идораи давлатии манобеи табиӣ мунфаҷир шудааст. То ҳол ҳеҷ касе ё гурӯҳе масъулияти ин амалро бар ӯҳда нагирифтааст. Сарҳанг Солеҳӣ-афсари пулиси Ирон тавассути телевизиони давлатии Ирон гуфт, ки билофосила баъд аз ин инфиҷорҳо таҳқиқот оғоз шудааст ва коршиносон гуфтаанд, ки ин ду бомби мунфиҷиршуда аз навъи бомбҳои савтӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол, ИРНО-хабаргузории давлатии Ирон иттилоъ додааст, ки президент Маҳмуди Аҳмадинежод боздиди барномарезишудаи худро аз Аҳвоз ба сабаби ба истилоҳ бориши "борони шадид" лағв кардааст. Аҳвоз ахиран саҳнаи нооромии аққалиятҳои миллии араб буд. Моҳи октябри соли гузашта низ дар натиҷаи бомбгузорӣ дар ин шаҳр чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG