Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Тоҷикистон ба сӯи субот ва хатарҳои мавҷуди он


Барномаи таҳқиқоти аслиҳаи сабуки Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалии Швейтсария ахири соли гузашта пажӯҳиши нави худро доир ба хатарҳои силоҳҳои сабуки мавҷуд дар Тоҷикистон нашр кардааст. Дар ин пажӯҳиш беш аз 75 саҳифагӣ, ки "Роҳи Тоҷикистон ба сӯи амният" ном гирифтааст, гуфта мешавад, ки силоҳҳои сабуки ғайриқонунии мавҷуд дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам хатарҳои зиёде ба ҷони мардум ва амнияти ин кишвар эҷод мекунанд.

Яке аз муаллифони таҳқиқот хонум Кристина Веллӣ гуфт, хатари аслиҳаи сабук барои аксари шаҳрвандони осоишта чандон зиёд нест, чаро ки шумори ками аслиҳаи сабук дар хонаҳо пинҳон аст. Ба гуфтаи ӯ, ин бад он маънист, ки дар сурати вуқӯъи ҷанҷолҳои хонаводагӣ аъзои оила ба зидди ҳам аслиҳа истифода намекунанд ва ин як хабари хуб барои мардуми мулкии Тоҷикистон аст.
Хонум Кристина Веллӣ афзуд:

"Аммо соҳаҳое, ки мо хатари чашмгири силоҳҳои сабукро мебинем, ин мавқеияти аз назари ҷуғрофист, масалан манотиқи наздимарзӣ бо Афғонистон.
Ва ин асосан ба қочоқи маводи мухаддир ва даргириҳои марзбонон бо қочоқбарони маводи мухаддир иртибот дорад. Хатари дигаре, ки ба назари мо силоҳҳои сабук эҷод мекунанд, ин амният ва таҷрибаи ҳифзи амбори силоҳҳо аз тарафи ҳукумат аст, зеро эҳтимоли берун омадани силоҳ аз онҳо вуҷуд дорад. Дигар ин ки афроде, ки набояд дастрасӣ ба анборҳо дошта бошад, эҳтимолан ба онҳо дастрасӣ пайдо мекунанд. Хатари дигар низ вуҷуд дорад. Гузоришҳое, ки мо аз сокинони осоишта гирифтем, гӯяндаи он аст, ки бархе аз шаҳрвандон нигаронанд, ки мақомоти давлатии ниҳодҳои амниятӣ баъзан аз вазифаҳои худ сӯистеъмол мекунанд, ки ин ҳам вазъи амниятии шаҳрвандони осоиштаро таҳти хатар мегузорад.
Ин як хатарест, ки мо мебинем ва таҳдиди дигаре силоҳҳои сабук барои амнияти мардум эҷод мекунанд, ин силоҳҳои боқимонда дар таҳти назорати гурӯҳҳои собиқи мухолифини тоҷик аст. Хулосаи мо ин аст, ки нерӯҳои мухолифини собиқ дар мавқеияте нестанд, ки битавонанд, мардуми зиёдеро идора кунанд, ба ин маънӣ ки онҳо мухолифати қобили мулоҳизае карда наметавонанд. Ба назари ман ҳодисаҳое дар солҳои гузашта рух доданд, таъйид мекунанд, ки он мухолифатҳо ба афроди алоҳида иртибот мегиранд, ки мусаллаҳ ҳастанд ва сабаби ноамнӣ мешаванд. Аммо баъид аст, ки воқеан он гуна ҳодисаҳо Тоҷикистонро дубора ба ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд."


Дар пажӯҳиш омадааст, ки дар Тоҷикистон тақрибан аз 30 то ба 67 ҳазор силоҳҳои қонуниву ғайриқонунӣ дар дасти мардум мавҷуд аст. Аз хонум Кристина Велле пурсида шуд, ки магар ин чунин миқдор силоҳи ғайриқонунӣ дар кишвари хурде чун Тоҷикистон зиёд нест:
"Инро метавон ҳар навъ қиёс кард. Агар мо Тоҷикистон бо кишварҳои дигар қиёс кунем, чунин миқдори силоҳ дар кишвар бисёр зиёд маҳсуб намешавад. Одатан силоҳҳоро мутобиқ ба сари 100 нафар ҳисоб мекунанд. Ва дар Тоҷикистон ба сари ҳар сад нафар аз 0,4 то 1,1 силоҳ рост меояд. Ва агар шумо ин рақамро бо шумори силоҳҳо дар Амрико қиёс кунед, дар Тоҷикистон шумори бисёор ками силоҳ аст, зеро дар Амрико ба сари ҳар сад нафар аз 83 то 96 силоҳ рост меояд. Яъне дар Амрико барои ҳар як нафар як силоҳ мавҷуд аст, вале дар Тоҷикистон барои сад нафар як силоҳи сабук рост меояд. Яъне дар Тоҷикистон силоҳҳои бисйор мавҷуд нест. Аммо масъалаи умда ин аст, ки кӣ соҳиби силоҳ аст ва бо ин силоҳ чӣ кор карда метавонад. Ба андешаи мо бисёре аз силоҳҳо дар захираҳои собиқ нерӯҳои мухолифин мондаанд ва нигаронӣ зиёд аз ин аст. Шумори силоҳҳо далели хатар нест, аммо дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон силоҳи бисёре надорад."

Суоли дигаре, ки бо хонум Кристина Веллӣ матраҳ шуд, ин буд, ки оё дар ҳоле, ки тундгароии исломиро дар Осиёи Марказӣ дари ҳоли афзоиш медонанд ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои ин минтақа аст, дар чунин ҳолат мавҷудияти силоҳҳои сабук барои амнияти Тоҷикистон чӣ гуна хатарҳои дигарро ба бор оварда метавонад.

Хонум Велле: "Дар ҳоли ҳозир мо маълумоте надорем, ки ягон ҳаракати исломӣ дар Осиёи Марказӣ саропо мусаллаҳ бошанд, аммо воқеан ин хатар вуҷуд дорад, ки агар танишҳо миёни гурӯҳҳо ва мухолифини исломиву ҳукумат афзоиш пайдо кунанд, чунин гурӯҳҳо дар пайи пайдо кардани силоҳ мешаванд.
Ҳамчунин нигаронӣ аз он аст, ки силоҳҳо ба афзоиши танишҳо мусоидат мекунанд. Ҳамин гуна ман фикр мекунам, ки аз силоҳҳои сабук дар ҳоле кор хоҳанд гирифт, ки мухолифатҳои вобаста ба масоили сиёсӣ ва мазҳабӣ бисёр шаванд."



Муаллифони гузориш ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани шумори силоҳҳои ғайриқонунӣ дар кишвар чанд тавсия додаанд ва чанде аз онҳоро Кристина Келлӣ шарҳ медиҳад:

"Натиҷагирии мо ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҷамъоварии силоҳе, ки аз даврони ҷанг дар дасти одамон боқӣ монда буд, кори хуберо анҷом додааст. Аз ин сабаб, мо барои барномаи хеле бузурги ҷамъварии силоҳ зарурате намебинем. Ба назари мо, соҳае, ки ба дахолати беруна зарурат дорад, тарзи боамни нигоҳдори силоҳ дар амборҳои давлатӣ мебошад. Мо ҳамчунин мехоҳем иддаоҳоеро дақиқ кунем, ки гӯё баъзе аз кормандони алоҳидаи амниятӣ аз дастрасии қонунии худ ба силоҳи оташфишон тавре истифода кардаанд, ки шояд ҳукумат бихоҳад онро тафтиш кунад. Ман ба таври бахусус, ман муҳофизони хусусиро дар назар дорам, ки шояд аз вазорати корҳои дохилӣ силоҳи оташфишон ба даст овардаанд. Шояд ҳукумат бихоҳад, ки ба ин мавридҳо расидагӣ ва дурустии ин иддаоҳоро тафтиш кунад."

Дар пажӯҳиши "Роҳи Тоҷикистон ба сӯи амният" ҳамчунин гуфта мешавад, мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки ҳамсоя бо Афғонистон кишвари лабрез аз силоҳҳо ва як манбаъи эҳтимолии фурӯши силоҳ мебошад, як омили дигар барои нигаронӣ аст. Хулосаи дигари гпажӯҳиш ин аст, ки адами эътиқоди мардум ба мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони милиса имкон намедиҳад, то ки силоҳҳои ғайриқонунии боқимонда ҷамъоварӣ шавад. Дар идомаи пажуҳиш омадааст, ки дар Тоҷикистон силоҳҳое, ки бештар дар ҷангҳо истифода мешаванд, феълан чандон харидуфурӯш намешаванд, аз ҷумла автомати Калашников бисёр кам аст, агарчӣ таппончаи Макаров феълан дар бозори сиёҳи Тоҷикистон харидори бештар дорад. Ҳангоми пурсиш иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки аслиҳаи сабук аслан дар дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ, бархе соҳибкорон, қочоқбарони маводи мухаддир ва собиқ размандагон будааст.

Барномаи таҳқиқоти силоҳҳои сабук як созмони мустақил дар Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалии Швейтсария мебошад ва идорааш дар шаҳри Женева мебошад.
XS
SM
MD
LG