Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: "Қазияи BBC ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт"


Игор Сатторов, раиси Дафтари иттилооти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи аз саргирии пахши барномаҳои BBC рӯи мавҷи FM дар Тоҷикистон дар ҳоли омӯзиш аст ва имкон дорад, ки ин масъала ба таври мусбат ҳал бишавад. Имрӯз рӯзи дувоздаҳум буд, ки пахши барномаҳои BBC рӯи мавҷи FM дар Тоҷикистон қатъ шуда ва мақомоти Тоҷикистон қатъи барномаҳои BBCро марбут ба набуди муҷаввизи нашри барномаҳо донистаанд. Дар пайи қатъи пахши барномаҳои BBC, сафорати Бритониёи Кабир дар Душанбе ва ширкати радиошунавонии бритониёӣ унвонии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон нома ирсол карда ва хостори ҳалли қазия шуданд. Сӯҳроби Зиё, раиси дафтари BBC дар Душанбе мегӯяд, онҳо умедворанд, ки пахши барномаҳои BBC рӯи FM идома пайдо хоҳад кард ва бар асоси посухи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон роҳи ҳалли ин қазия ба дафтари BBC пешниҳод хоҳад шуд. Бино бар иттилоъи дафтари BBC дар Душанбе, нашри барномаҳои он дар мавҷи FM дар пойтахти Тоҷикистон ва дар шаҳри Хуҷанд, маркази идории вилояти Суғд бар асоси як созишномае сурат мегирифт, ки соли 2003 ин радио бо ширкати давлатии «Тоҷиктелеком», масъули пахши барномаҳои расонаҳои электронӣ дар қаламрави кишвар баста буд. Ва аммо барои пахши дубораи барномаҳои BBC, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, бояд ки намояндагиии ширкати радиошунавонии бритониёӣ дар вазорати адлия сабти ном бишавад ва аз кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон муҷаввизи нашри барномаҳояшро дарёфт бинамояд. Дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон марказаш дар Ню Йорк низ изҳори умедворӣ кардаанд, ки ин қазия бо пахши дубораи барномаҳои BBC дар мавҷи FM дар Тоҷикистон анҷом меёбад.
XS
SM
MD
LG