Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумо ба кӣ савол доред?


Мулоқоти on-line бо дархости Шумо Дар посух ба дархости мо, ки пурсидем оё Шумо ба киҳо савол доред ва бо киҳо дар гӯшаи "Майдони баҳс" дидори ғоибона ва ё онлайнӣ доштан мехоҳед, номаҳои зиёде расид, ки аксари кулли онҳо дар сомонаи интернетии мо нашр шуд.

Ба назар мерасад, зиёдтар аз ҳама мардуми олами интернет мехоҳанд, бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқоти ғоибона баргузор кунанд. Онҳо мегӯянд, ба президенти кишвар саволҳои муҳим ва пешниҳодҳои арзанда доранд.
Аз сиёсатмадорон ва арбобони ҷамъият ҳамчунин раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, узви Маҷлиси миллӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров, узви ҳукумат Хайринисо Мавлонова, раиси маҳбуси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, аъзои Маҷлиси намояндагон Муҳиддини Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Юсуфҷон Аҳмадов, вазири адлия Халифабобо Ҳомидов ва даҳҳо нафари дигар номбар шудаанд. Ҳамчунин ба воситаи хабарнигорони мо дар шаҳру рустои Тоҷикистон ва дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе, хоҳишҳое расонда шуданд, ки ба мулоқоти ғойибонаи интернетӣ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, вазири саноат Зайд Саидов, раиси Ҳизби аграрӣ Амир Қарокулов, сафири Тоҷикистон дар Амрико Ҳамроҳхон Зарифов, сафири Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров, раиси Кумитаи давлатии марзбонӣ Саидамир Зуҳуров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ Зокир Вазиров, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов, додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, раиси Банки миллӣ Муродалӣ Алимардонов ва дигарон ба гуфтугӯ даъват шаванд.
Аз сиёсатмадорони собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов, Шодмон Юсуф, Мирбобои Мирраҳим, Бӯрии Карим, Давлати Худоназар, Худойбердӣ Холиқназаров, Ҳокими Муҳаббат, аз намояндагони илму фарҳанг Гулрухсор, Акбари Турсон, Мӯъмин Қаноат, Фарзона, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Бозор Собир, Шариф Шукуров, Раҳими Мусулмониён, Мирзо Боқӣ, Комил Бекзода, Восифи Бохтарӣ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, аз ҳунарпешагон Далери Назар, Ҷӯрабек Муродов, Ҳошим Гадоев, Нурулло Абдуллоев, Шодӣ Солеҳ, Муҳаммадҷон Шодиев, Манижаи Давлат, Сироҷиддин Фозилов, аз журналистон Ҷумъабой Толибов, Мухтор Боқизода, Додоҷони Атовулло, Адолати Мирзо, Мавлуда Султонзодаи Абдулло, Хуршеди Атовулло, Раҷаби Мирзо, Ноёбшои Зӯробек, Марат Мамадшоев, Нуралии Давлат ва дигарон дар номаҳои Шумо зикр шудаанд.
Аз ҳамаи онҳое ки дархостҳои худро ба мо фиристоданд, сипосгузорем ва илова мекунем, ки ҳар яки Шумо бо пешниҳоди ҷолиби худ метавонед, ин рӯйхатро идома диҳед. Ва шояд мехоҳед, бо афроди саршиносе аз кишварҳои дигар мулоқот кунед, инро ҳам ба мо нависед.
Мо бо машваратҳои тӯлонӣ тасмим гирифтем, ин силсиларо бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ оғоз кунем. Даҳҳо пурсиши ҷолибе, ки аз номи шумо расидаанд, ҳоло дар дасти он касанд ва ба зудӣ посухҳои донишманди саршиноси тоҷикро ба саволҳои худ дар ин сомона хоҳед хонд.
XS
SM
MD
LG