Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, қатъи пахши барномаҳои Би-Би-Си ангезаи сиёсӣ надорад. Раиси бахши матбуот ва иттилоот дар ин вазорат Игор Сатторов ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, "моҷарои атрофи шабакаи Би-Би-Си хосияти сиёсӣ надорад ва ин як масъалаи корӣ буда, ба зудӣ ҳал мешавад." Вай гуфт, таҳқиқи масъала аз тарафи коршиносони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон идома дорад ва бо поёни он идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон тавсияҳои худро ба шабакаи ҷаҳонии ин радио ва мақомоти дахлдори ҳукумати кишвар хоҳад фиристод ва пахши барномаҳо аз сар гирифта хоҳад шуд.
Пахши барномаҳои Би-Би-Си рӯи мавҷи FМ 11-уми январ қатъ гардид. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, шабака натавонистааст дар мӯҳлати муқарраршуда, санадҳои худро тибқи қонунҳои нави Тоҷикистон номнавис кунад. Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Кумитаи дифоъ аз журналистон аз қатъи пахши барномаҳои Би-Би-Си рӯи амвоҷи FМ изҳори ташвиш карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, мушкил ба зудӣ бартараф шавад.
XS
SM
MD
LG