Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори Озодӣ. Шумораи севвум


АХБОР

Хушунатҳои сиёсӣ дар Найҷерия ва ҳам авҷи нави баҳсҳо пиромуни барномаҳои ҳастаии Эрон мунҷар ба афзоиши дигарбораи нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст.
Нархи як бушкаи нафт дар биржаи Ню-Йорк ба 66 доллар ва дар Лондон ба 65 доллар наздик шудааст.
Омили дигаре, ки ба арзиши нафт дар бозорҳои байналмилалӣ таъсир гузоштааст, афзудани ниёзмандиҳои Амрикову Чин, ду харидори аслии нафт ба маводи сӯхт аст.

Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2005 шашу аз даҳ ҳафт дарсад афзуда, ба 7 миллиарду 200 миллион сомонӣ, муодили 2 миллиарду 220 миллион доллар баробар шудаст. Қисми дахли будҷаи давлатӣ 400 миллион доллар ё худ тақрибан панҷяки маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро ташкил додааст.

Русия мехоҳад, имсол 12,5 миллиард доллар қарзи аз Иттиҳоди Шӯравӣ бамеросбурдаашро ба кишварҳои узви маҳфили Порис баргардонад. Ба ин тартиб, қарзи Русия аз маҳфили Порис 9 миллиарди дигар боқӣ хоҳад монд.
Соли гузашта Русия аз ҳисоби Сандуқи Суботаш, ки дар он маболиғи аз болоравии нархи нафт ба дастовардаашро ҷамъ мекунад, 3 миллиард доллар қарзи СБП ва 15 миллиард доллар қарзи маҳфили Порисро пардохт карда буд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол майдони кишти пахтаро 38 000 гектар коҳиш хоҳад дод.
Нақшаи имсолаи пахта дар ҳудуди 550 000 тонна ҳисоб шудааст. Дар соли 2005 ҳосили ҷамъовардаи пахтакорони тоҷик назар ба як соли пеш 130 000 тонна камтар шуд.
Бар асоси маълумотҳои оморӣ, Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ 132 000 тонна нахи пахта фурӯхта, аз ин ҳисоб 144 миллион доллар ба даст овардааст.

Содироти Чин дар соли 2005 762 миллиард ва воридоташ 660 миллиард долларро ташкил додааст. Бузугтарин ҳамкори иқтисодии Чин дар соли гузашта бо 217 миллиард доллар мизони табодули молу коло ИА будааст.
Тиҷорати Чин бо Амрико дар соли 2005 ба 211 миллиард ва бо Ҷопон ба 184 миллиард доллар баробар шудааст.

Бино ба ҳисоби кумитаи омор, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2005 ҳудуди 2 миллиарду 240 миллион доллар шудааст, ки назар ба як соли пеш 6 дарсад бештар аст.
Аммо дар ин муддат мизони содироти Тоҷикистон назар ба воридоташ 421 миллион доллар камтар шудааст.
Кумитаи омор мегӯяд, 70 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо 6 кишвар - Ҳолланд, Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Туркияву Чин сурат гирифтааст.


Тавре шунидед, бахши бештари ахбори моро ин бор маълумотҳои оморӣ ташкил медод. Ва ин табиъӣ ҳам ҳаст, чунки дар ин рӯзҳо ниҳодҳои иқтисодӣ натоиҷи фаъолияти худ дар соли гузаштаи 2005-умро натиҷагирӣ мекунанд.
Мо дар ин идомаи маҷаллаи Бозори Озодӣ рӯи ин маълумоти оморӣ дубора бар хоҳем гашт.
Вале баъди пардохтан ба натоиҷи иқтисодии сафари раисиҷумҳури Т ЭР ба Эрону Туркия.
Дар Теҳрон зимни сафари оқои Раҳмонов байни Эрону Т 8 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла як созишномаву як ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи сохтмони ниругоҳи дуввуми Сангтӯда, созишнома дар бораи содда кардани тартиби додани қарзҳои бонкӣ ва чанд ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳоти нақлиёту энержӣ имзо шудааст. Аз ин миён ба хусус тарҳи сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда пураҳамият арзёбӣ мешавад. Ҷониби Эрон ба манзури иҷрои тарҳи мазкур 180 миллион ва Т 40 миллион доллар ихтисос хоҳанд дод.
ЭР, ки баъди мулоқоташ бо ҳамтои эронии худ МА сӯҳбат мекард, аз ҷумла гуфт:

Раҳмонов.

МА ба навбаи худ гуфт, Эрон пешрафт ва тараққии Т-ро пешрафт ва тараққии худ меҳисобад. Оқои Аҳмадинажод гуфт, дар муносиботи ду кишвар зарфиятҳои холии истифоданошуда ҳанӯз хеле зиёд аст.
Аҳмадинажод.

Аммо зимни сафари раҳбари Т ба Туркия байни ин ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаҳои мушорикат ва ҳамкории иқтисодӣ, созишнома роҷеъ ба наҳви идораи тарҳҳои муштарак, як ёддошти тафоҳум пиромуни ҳамкорӣ дар риштаи ҷаҳонгардӣ ва як эъломия дар бораи тавсиъаи ҳамкориҳои иқтисодиро имзо кардаанд.
Оқои Раҳмонов зимни ин сафар дар расми гузоштани хишти аввали сафорати Душанбе дар Анкара ширкат варзида ва бо ҳамтои туркаш Аҳмад неждат Сезар барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати Туркияву Т дар соҳоти иқтисодӣ ва ҷадвали замонии иҷрои ин барномаро низ тасвиб кардаанд.
XS
SM
MD
LG