Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили зодрӯзи Моцарт дар Тоҷикистон


Ҷаҳони ҳунар имрӯзҳо 250-солагии зодрӯзи оҳангсози барҷаста Волфганг Амадеус Моцартро таҷлил мегирад. Ин оҳангсози утришӣ, ки дар қарни 18 зиндагӣ кардааст, аз худ мероси ғаниро боқӣ гузошта ва дар айни замон, асрори марг ва ҳаёти пур аз шебу фарозаш имрӯз ҳам дӯстдорони ҳунари Моцартро ором намегузорад.

ЗИНДАГИНОМА

Волфганг Амадеус Моцарт, дар соли 1756 дар Залцбурги Утриш ба дунё омадааст. Падари ӯ Леополд як ғижжакнавоз буд ва бо кашфи истеъдоди фавқулоддаи писараш ӯро ҳамроҳ ба сафарҳои Аврупо бурда, дар маҳфилҳои ҳунарӣ муаррифӣ мекунад.

Дар 16- солагӣ исми Моцартро дар Инглистону Итолиё, Фаронсаву Олмон мешиносанд, ба маҳфилҳои сиёсиву ҳунарии маъруф даъват мекунанд. Мусофиратҳои зиёд барои Моцарт аз сӯе ҳамчун як мактаби хуби мусиқӣ мусоидат мекунад, ва аммо дар айни замон, ҷисми ӯро хеле заъиф мегардонад. Дар як муддати кӯтоҳ ба унвони як узви оркестри Залцбург, Моцарт ба эҷоди симфонияву серенада ва мусиқиҳои мазҳабӣ машғул мешавад. Дар соли 1781 ӯ нахустин операи барҷастаи худ "Идомено"-ро навишта ва баъди нокомиҳои кӯтоҳмуддат, дубора исми худро Моцарт ба унвони як оҳангсози боистеъдод вирди забони аҳли ҳунар мегардонад. Дар соли 1781 ӯ бо тарки Залцбург дар Вена сукунат ихтиёр мекунад. Дар ин шаҳр ӯ ҳам бо кори маҷҷонии омӯзгориву оҳангсозӣ, ва ҳам навохтани пианино машғул мешавад.

Маҳз дар Вена ӯ муваффақтарин операҳои худ "Издивоҷи Фигаро" ва "Дон Жуан"-ро эҷод мекунад. Аммо баробар бо маъруфияти ӯ дар охири умраш қарзу нодориаш ҳам ҳар чи амиқтар реша медавонад ва дар соли 1791, дар синни 36 солагӣ ӯ аз беморӣ чашм аз олам мебандад. Ӯро мисли дигар афроди нодори замона дар як қабри дастаҷамъӣ ба хок месупоранд. Ҳарчанд баъди марги Моцарт ривоятҳои зиёд оид ба заҳролуд шудани ӯ аз дасти Салери ном оҳангсози дигари вақт паҳн гардиданд, аммо то имрӯз муҳаққиқон ин фарзияро тасдиқ накардаанд."

ОСОРИ ҲАМЕША ҶОВИД

Муҳаққиқони Моцарт дар Аврупову Ғарб мегӯянд, бо гузашти қарнҳо муҳим нест, ки дар ҳаёти ӯ чӣ сахтиҳову ноадолатиҳо гузаштаанд, муҳим ҳунар ва мусиқие аст, ки аз ӯ ба мерос мондааст.

Пабло Боланос, як масъули Оркестри Моцарти Вена дар Утриш, ки 20 сол аст танҳо оҳангҳои ин оҳангсози барҷастаро иҷро мекунад, чунин мегӯяд:

"Муҳимтарин чизе, ки барои мо рӯшан аст, ин ҳунари Моцарт аст. Барои мо ҳаёти ӯ дигар чандон муҳим нест, аз назари иҷтимойӣ ӯ фарзанди замони худ буд ва бо сабаби нодорӣ мисли дигар мардуми он давр дар қабри дастаҷамъӣ ба хок супурда шудааст. Аксарият дунболи ривоят ва ҳар гуна қиссаҳое мегарданд, ки ба ҳаёти шахсии ӯ бастагӣ мегирад, шояд онҳо мехоҳанд, ки ба ин тартиб ба ҷаҳони Моцарт наздикии бештар барқарор намоянд."

Оқои Боланос гуфт бахшида ба мавлуди Моцарт барномаҳои ҷашнии зиёд таҳия шудааст:

"Соли ҷорӣ оркестри мо 20-солагии таъсиси худро таҷлил мекунад. Бахшида ба ин сана ва ҷашнҳои бахшида ба зодрӯзи Моцарт мо дар иҷрои ҳунармандони оркестри худ се адад албом ё сидиҳоро бо намуна аз оҳангҳои ӯ ба нашр расондем ва қарор аст, ба ҳар нафаре, ки барои тамошои консертҳои Моцарти Вена меояд, ин сидиҳо бепул тақдим шавад"

Чаро созмони шумо қарор кард танҳо оҳангҳои Моцартро иҷро кунад:

"Аввал ин, ки мо мехоҳем, равобити вижаи Моцартро бо Вена таъкид намоем. Ҳар кас медонад, ки Моцарт дар Залцбург ба дунё омадааст, аммо дар 10 соли охири умраш вай дар Вена эҷод кардааст ва муҳимтарин асарҳои ӯ маҳз дар ҳамин давра навишта шудаанд. Вена дар охири солҳои 70-уми қарни 18 дар аҳди Ҷозефи дуввум ба як давраи хеле муҳими ҳунариву фарҳангӣ табдил ёфта буд. Ва ба ҳамин хотир мехоҳем аҳамияти Венаро дар эҷодиёти Моцарт таъкид намоем. Муҳимтарин принсипи дигар дар кори мо ин аст ки тавассути мӯд, мӯди он замон мардуми бештарро ба толороҳои консертӣ ҷалб намоем. "

Баргузории ҷашнҳои бахшида ба зодрӯзи Моцарт на танҳо дар Венаву Залцбург, балки дар дигар манотиқи ҷаҳон, низ дар назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар Прага, шаҳре, ки дар аҳди Моцарт маркази минатақаи Богемия шинохта мешуд, ва маъруфтарин театрҳои операву оркестрҳои ҳунариро ба вуҷуд овардааст. Ҳаралд Салфелнер дар китобе бо исми "Моцарт ва Прага" навиштааст, Волфганг Моцарт дар маҷмӯъ 5 бор аз Прага дидан кард. Дар соли 1787 яъне чаҳор сол пеш аз маргаш дар театри операи Прага ду намоишнома маъруфи у "Фигаро" ва "Дон Жуан" намоиш дода мешаванд.

Дар як сӯҳбат бо мо - Ингеборг Жадна, раҳбари иҷроияи театри операи давлатии Прага роҷеъ ба барномаҳои ҷашнии муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Чех гуфт:

"Барномаи бузурге бо исми "Моцарт дар соли 2006-и Прага"-ро роҳандозӣ кардаем, ки ба он маҷмӯйи ташкилоту созмонҳои фарҳангии Прага шомил ҳастанд. Театри миллӣ, Филармонияи давлатӣ, театри операи давлатӣ, китобхонаи миллии Чехия дар ҳамкорӣ барномаҳоеро бахшида ба 250-солагии зодрӯзи Моцарт иҷро хоҳанд кард. Дар чаҳорчӯби ҳамин барнома театри операи мо як консерти бузурги ҳунармандони операро доир намуда, пораҳо аз эҷодиёти ин оҳангсози барҷастаро иҷро хоҳанд кард. Аз ҷумла чанд арияе ҳам иҷро мешавад, ки ба хонум Ёзефина Душкова, зане бахшида шудааст, ки Моцартдар Прага ошиқи ӯ шуда буд. Инчунин мо дар назар дорем, ки дар моҳи декабри имсол операи "Идоменио" ва дар давоми сол операи "Найи сеҳрнок"-ро ҳам ба намоиш гузорем".

ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ МОЦАРТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон ҳам бахшида ба зодрӯзи Моцарт дар соли ҷорӣ чанд барномаи ҳунарӣ дар назар гирифта шудааст. Ҳарчанд театри операву балети пойтахт ба номи Садриддин Айнӣ бино ба набуди овозхонони ҳирфаӣ, бахусус дар миёни занони овозхон, имкони ба саҳна гузоштани намоишномаҳои операвии Моцартро надорад, аммо ба иттиллои оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ, қарор аст, ки чанд консерте бо намунаҳо аз таронаву оҳангҳои ин оҳангсози барҷаста баргузор шавад.

Ин ҷумларо клик кунед ва Толиб Шаҳидиро бишнавед

СИРРИ МАҲБУБИЯТИ ОҲАНГҲОИ МОЦАРТ

Олами мусиқӣ оҳангсозони зиёдро дар ёд дорад, аммо чаро мусиқиҳои ин оҳангсози утришӣ ин қадар зуд ба дилу дидаи мардум роҳ меёбад?

Ингеборг Жадна, раҳбари иҷроияи театри операи давлатии Прага:

"Мусиқии Моцартро одамони оддӣ хуб дарк мекунанд ва аслан оҳангҳои ӯ на танҳо дар саҳна, балки дар филмномаву намоишномаҳои зиёд иҷро шудаанд. Аммо қабл аз ҳама бояд гуфт, ки мусиқии ӯ поку содда аст ва аз ҷониби тамошобини табақаҳои гуногун пазируфта мешавад"

Дар айни замон, Пабло Боланос, аз Оркестри Моцарти Вена мегӯяд, ки мусиқии Моцарт чандон саҳл нест:

"Чунон ба назар мерасад, ки иҷрои оҳангҳои Моцарт кори хеле содда аст. Вақте оҳанг садо медиҳад, фикр мекунед, ки он хеле саҳл аст. Аммо дар асл чунин нест. Ӯ мушкилтарин навоҳоро ба як шеваи соддаи иҷро дароварадаст, ин аст, ки ӯро нобиға мегӯяд. Моцарт оҳангсози содда нест. Бовар мекунед, ӯ барои он асбобҳое оҳанг эҷод кардааст, ки дар он замон аслан вуҷуд надоштанд. Дар он замон мусиқӣ чандон пуршӯр набуд, ҳама оҳангҳо ритми ором доштанд. Ва аммо Моцарт он оҳангҳоеро эҷод намуд, ки баъдан боиси такмил ёфтани асбобҳои мусиқӣ гардиданд, то ки ин оҳангҳо дар ритми тундтар иҷро шаванд. Аз ҳамин хотир мо маъмулан он навозандаҳоеро танқид мекунем, ки мекӯшанд Моцартро бо асбобҳои он замон иҷро кунанд. Ба назари ман агар худи Моцарт ҳам инро мешунид, нороҳат мешуд."

Шоири тоҷик Сиёвуш, ки аз оҳангҳои Моцарт илҳоми зиёд бардоштааст, мегӯяд, ин оҳангсоз як риндеро мемонад, ки бидуни ҳеҷ муқаррарот дар тӯли умри кӯтоҳ ва пурдарди худ навои дили худро ба оҳанг даровардааст.

Андешаҳои Сиёвуш доир ба Моцарт инҷост

Ин шабу рӯз дар Аврупо на танҳо маҳфилҳои ҳунариву фарҳангӣ зодрӯзи Моцартро таҷлил мегиранд. Фурӯшгоҳҳои қаннодӣ аз фурӯши шоколадҳои "Моцарт" даромад мебинанду дар мағозаҳои Утриш ҳасибҳои "Моцарт"-ро чашидан мумкин аст. Бо вуҷуди ин ки то имрӯз роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Моцарт ҳазорҳо ҳазор китобҳо навишта шудааст, дар ин охирҳо бархе муҳаққиқон ва адибон дубора ба мавзӯи Моцарт рӯ оварда паҳлӯйи нави зинадгиномаи ӯро кашф мекунанд. Дар Прага вориди "Люксор", бузургтарини маркази фурӯши китоб дар Аврупои Марказӣ шудам.

Ин марказ аз чаҳор ошёна иборат буда, беҳтарин ва навтарин адабиёти илмиву бадеии ҷаҳонро ба забонҳои чехиву англисӣ, олмониву фаронсавӣ пешниҳод мекунад. Дар ин китобхона дар охирҳои моҳи ноябри соли 2005 се китоб оид ба ҳаёт ва фаъолияти Моцарт ба забони чехӣ ва як китоб ба забони англисӣ ба фуруш гузошта шуда ва аз он замон то имрӯз, яъне дар давоми камтар аз 3 моҳ беш аз 100 адад китоб ба фурӯш рафтааст.
Як масъули ин китобхона Деник Просредник гуфт, барои ин навъ адабиёти классикиву қиссаҳо ин адад нишондоди хуб аст:

"Мо дар мағозаи худ се китоби бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Моцартро ба забони чехӣ ба фурӯш гузоштаем. Яке "Моцарт ва Брно" ном дорад, Брно шаҳри дуюми бузургтарини Чехия аст. Ва дар ин китоб таърихи зиндагии оҳангсози барҷаста дар Брно тасвир мешавад. Таълифоти дигар ба зиндагиву марги ӯ ва овозаҳо оид ба муносиботи ӯ ва Салери бахшида шудааст. Китоби сеюм аз зиндагӣ, орзуҳову ормонҳои Моцарт ҳикоят мекунад. Моцарт хеле машҳур буд, зиндагии ӯ пасту баландиҳои зиёд дошт, аммо бештар аз он мусиқии ӯ маъруфияти зиёдро касб кардааст".

Ба андешаи шумо, чаро мусиқии ӯ ин қадар маъруфияти зиёд дорад?:

"Мусиқии ӯ пурэҳсос аст, хеле нарму хушнаво, мусиқии хеле хуб аст. Оҳангҳои ӯ бакуллӣ аз он чи ки имрӯз эҷод мешавад, фарқ мекунад. Ва ин мусиқӣ солҳову қарнҳо зиндаву ҷовид мемонад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Ва он на фақат ба бузургсолон писанд аст, балки ба ҷавонон ҳам".

Ва дар ниҳояти сӯҳбатамон оид ба Моцарт ва мероси адабии ин оҳангсози барҷаста, шоири тоҷик Сиёвуш "Симфонияи баҳор"-и худро пешкаш намуд, ки бо илҳом аз оҳангҳои Моцарт эҷод шудаанд.
XS
SM
MD
LG