Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико ва CPJ aз Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар робита ба қатъи пахши барномаҳои радиои BBC рӯи амвоҷи FM дар Тоҷикистон гуфтааст, умедвор аст, ки қатъи барномаҳо муваққатист ва ҳамзамон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои фароҳам сохтани шароити аслӣ барои матбуоти озоду мустақил ҳар иқдоми мумкинро рӯи даст бигирад.
Кайл Скотт - намояндаи Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ин ҳафта бо ирсоли як изҳорот ба Шӯрои Доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Вена гуфтааст, Амрико аз қазияи қатъи барномаҳои Радиои BBC дар Тоҷикистон огоҳ мебошад ва умедвор аст, ки ин амр бинобар муқаррароти расмӣ сурат гирифта ва қатъи пахши барномаҳо низ мувақаттист.
Кайл Скотт афзудааст, Тоҷикистон моҳи ноябр интихоботи президентӣ дорад ва барои он ки ин маърака мутобиқ ба меъёрҳои САҲА сурат бигирад, муҳим аст, ки дар пешорӯи интихобот матбуоти мустақил иҷозаи фаъолияти бемамониат дошта бошанд.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) марказаш дар шаҳри Ню-Йорк низ ин ҳафта дар робита ба қатъи барномаҳои Радиои BBC рӯи амвоҷи FM дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ карда, аз мақомоти ин кишвар хостааст, то кафолати нашри дубораи барномаҳои радиои BBC-ро бидиҳад.
Энн Купер - мудири иҷроияи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон зимни баёнияе гуфтааст, Тоҷикистон собиқаи нохуби фишор ба матбуоти мустақил дорад ва дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябр мардуми он бояд дастрасӣ ба ахбори ва афкори васеъу мухталиф дошта бошанд.
Пахши барномаҳои Радиои BBC рӯи мавҷи ҒМ, рӯзи 11 январ дар Тоҷикистон қатъ шуд ва мақомоти ин кишвар гуфтанд, қатъи барномаҳо заминаи сиёсӣ надошта ва идораи радиои BBC дар Тоҷикистонро мебояд, барои азсаргирии пахши барномаҳояш дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шавад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG