Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Сатторзода: "Узбакистон бояд низоми раводидро бардорад."


Ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, имкон дорад сар аз якуми июни соли равон равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои ҳамдигар бидуни раводид сурат гирад. Ҷумҳурии Узбакистон мехоҳад, ки узви шашуми Созмони Ҳамкории иқтисодии АвроОсиё гардад ва баррасии ин масъала дар рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербург дар назар аст.

Оқои Сатторзода мегӯяд, Узбакистон танҳо пас аз он ки зери ҳамаи созишномаҳои байни давлатҳои узв имзо мекунад, ба узвияти Созмони Ҳамкории иқтисодии АвроОсиё пазируфта хоҳад шуд: "Гурӯҳи кории Созмони Ҳамкории иқтисодии АвроОсиё ба чунин хулоса омадааст, ки Узбакистон танҳо баъди пазируфтани ҳамаи асноде, ки дар доираи ин созмон ба имзо расидаанд, шомили иттиҳоди мазкур мегардад. Зимнан Узбакистон бояд марҳила ба марҳила то якуми июн ин созишномаҳоро қабул ва мутобиқи ин санадҳо амал кунад. Яке аз марҳилаҳои пайвастани Узбакистон ба ин эътилоф тасвиби созишнома оид ба бекор кардани низоми раводид миёни давлатҳои узви Созмон ба шумор меравад, ки умед дорем, ин тасмим то якуми июн амалӣ хоҳад шуд. Мо дар ин кор манфиатдор ҳастем."

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Исмоил Раҳматов гуфт, бинобар сард шудани муносиботи Узбакистон бо кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳамакнун Тошканд мехоҳад бо давлатҳои шӯравии собиқ наздик шавад ва аз ин рӯ, ҳамаи шартҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвроОсиёро қабул медорад. Оқои Раҳматов мегӯяд, бекор кардани низоми раводид аслан тасмими худи Узбакистон аст, зеро мавҷудияти монеа дар равуои шаҳрвандон ба муносиботи сиёсӣ миёни ин кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Соли ҷорӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо боздиди расмӣ ба Узбакистон меравад ва коршиносон мегӯянд, дар ҷараёни ин сафар масъалаи бекор кардани низоми раводид миёни ин кишварҳо ҳал хоҳад шуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG