Пайвандҳои дастрасӣ

Расми гузоштани хишти аввали сохтмони нави сафорати Тоҷикистон дар Анкара


Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Туркия ин ду кишвар созишнома дар бораи мушорикат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, созишнома дар бораи ҳамоҳанг сохтани шеваи идораи тарҳҳои муштарак, ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар риштаи ҷаҳонгардӣ ва ҳам як эъломия дар бораи тавсиъаи ҳамкориҳои иқтисодиро имзо кардаанд.Руъасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов ва Аҳмад Неждат Сезар ҳамчунин ба зери барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати Душанбеву Анкара дар соҳоти иқтисодӣ имзо гузошта, ҷадвали замонии иҷрои ин барномаро низ тасвиб кардаанд.

Оқои Раҳмонов ҳамчунин зимни як маросим хишти аввали пойдевори сохтмони нави сафоратхонаи Душанбе дар Анкараро гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG