Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои унвони доктори ифтихории Донишгоҳи Ғозӣ ба президенти Тоҷикистон


Алии Ҷавонмардӣ

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар идомаи сафараш ба Туркия бо раиси порлумон ва сарвазири Туркия дидор ва гуфтугӯ кардааст. Дурнамои равобити Тоҷикистону Туркия ва роҳҳои тависъаи ин равобит аз мавзӯъоти аслии матрӯҳа дар мулоқотҳои оқои Раҳмонов бо раиси парлумон Буланд Оринҷ ва сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон будааст.

Ба гузориши саҳифаи интернетии шабакаи телевизионии ТRТ, имрӯз дар Анкара зимни як маросим ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки бо як сафари расмӣ дар Туркия ба сар мебарад, унвони доктори ифтихории донишгоҳи Ғозӣ супурда шуд. Донишгоҳи Ғозӣ аз бузургтарин донишгоҳҳои пойтахти Туркия маҳсуб шуда, дар он шуморе аз донишҷӯёни тоҷик низ таҳсил мекунанд. Дар маҷмӯъ дар донишкадаҳову донишгоҳҳои Туркия ҳудуди 200 донишҷӯ аз Тоҷикистон таълим мегиранд.

Ва ҳам имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як маҷлиси зиёфат, ки Иттиҳодияи утоқҳои тиҷоратӣ ва бурсдорони Туркия созмон дода буд, ширкат дошт. Оқои Раҳмонов аз тоҷирони турк даъват кард, ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Бино ба гузориши хабаргузории туркии TNN, президенти Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ба сармоягузорӣ ниёз дорад ва заминаҳоро барои ҷалби сармояи хориҷӣ муҳайё сохтааст. Эмомалӣ Раҳмонов аз тоҷирони турк суол кардааст, ки чаро вориди бозори Тоҷикистон намешаванд. Раҳмонов гуфта, ки кишвараш барои сармоягузорӣ хатарнок нест ва Тоҷикистону Туркия метавонанд бахусус дар риштаи энержӣ ҳамокрӣ кунанд.

Дар ин маҷлиси зиёфат вазири давлатии Туркия Курсад Тузмен ва раиси Иттиҳодияи утоқҳои тиҷоратӣ ва бурсдорони он кишвар Рифъат Ҳисорчиклиоғлу низ ҳузур доштаанд. Оқои Ҳисорчиклиоғлу гуфтааст, Туркия метавонад ба Тоҷикистон дар роҳи бунёди нирӯгоҳҳо, меҳмонсаройҳо ва шоҳроҳҳои муосир мусоидат кунад. Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон дар роҳи иҷрои чандин барномаи бузург ба маблағи умумии тақрибан 100 миллион доллар саҳм доштаанд. Курсад Тузмен гуфтааст, тиҷорати байни Тоҷикистону Туркия метавонад ба зудӣ ба 500 миллион доллар буруз кунад.
Мирзои Салимпур, Прага, Алии Ҷавонмардӣ, Анкара
XS
SM
MD
LG