Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заррабин: Қонуни матбуоти Тоҷикистон


Тоҷикистон аз шумори давлатҳоест, ки фаъолияти касбии журналистон ва васоити ахбори умуми кишварро дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ танзим мекунад. Дар моҳи декабри соли 1990, соле қабл аз пошхӯрии давлати шӯравӣ дар Тоҷикистон чун дар ҷамоҳири дигари собиқи шӯравӣ Қонуни «Дар бораи матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма» ба тасвиб расид ва то кунун чаҳор маротиба мавриди ислоҳ қарор гирифт. Як лоиҳаи алтернативи ин қонун, ки аз сӯи як гурӯҳи мустақили корӣ таҳия гашта буд, аз ҷониби парламенти Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2002 пазируфта нашуд ва қонуни аввалӣ бо иловаву тағйиротҳо боз ҳам сари кор монд.
Дигар аз қонунҳои фарогири фаъолияти расонаҳои электронии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» маҳсуб меёбад, ки низ аз замони қабули худ дарсоли 1996 то кунун борҳо мавриди ислоҳу иловаҳо қарор ёфтааст.
Дар давраи аз соли 1990- и милодӣ то кунун мақомоти қонунгузории Тоҷикистон, парламенти кишвар бо пушти сар гузоштани давраи фаъолияти беш аз 15- сола 12 қонун дар заминаи муайян ва танзими фаъолияти расонаҳои ахбор ва журналистони тоҷик таҳия ва қабул кардааст.
Вале бо ин ҳама мавзӯъи чигунагӣ ва татбиқи ин қонунҳо аз замони қабул то ҳоли ҳозир мавзӯъи аслии баҳси миёни журналистони тоҷик ва мақомоти қонунгузор ва иҷрокунандаи ин кишвар боқӣ мондааст.
Профессор Иброҳим Усмонов, муовини вазири вазорати фарҳанги Тоҷикистон, яке аз таҳиягарони қонунҳои дар бораи васоити ахбори умуми кишвар ин қонунҳоро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои умумибашарӣ меҳисобад: «12 қонуни Тоҷикистон доир ба васоити ахбори омма - дар бораи матбуот, телевизион ва радио, ахбор, ҳуқуқи муаллиф, сирри давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма ва ғайра - ҳама ба талаботи озодии сухан мувофиқанд. Ва кӯҳнатарин Қонуни Тоҷикистон -- дар бораи «Матбуот ва воситаҳои ахбори омма» низ ба талаботи меъёрҳои умумибашарӣ ҷавобгӯ аст. Ин қонун барои тасъсиси ҳама навъи воситаҳои ахбори омма, ҳам шахсӣ, ҳам давлатӣ ва ҳам ҳизбӣ иҷозат медиҳад.Дар он аккредитатсияи журналистони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, зикр шудааст. Системаи ҷамъоварии ахбор, дастрасии ба манбаъҳои расиро ҳама қонунҳои мо эътироф мекунанд. Дар ин бора инчунин зерқонунҳо ва дастурҳои иловагии расмӣ аз ҷониби мақомоти гуногун, Президенти Тоҷикистон қабул шудааст, ки вазоратҳо ва идораву муассисаҳои давлатиро вазифадор мекунад, ахбори заруриро барои воситаҳои ахбор фароҳам созанд.»
Иддаи бештари коршиносони тоҷик дар умури қонунҳои кишвар оид ба васоити ахбори умум бо ин ки мегӯянд, ин қонунҳои кишвар ба сурати умум бад нест, вале ба ҳар сурат комил низ нест. Ва аз ин рӯ баъзе такмил ва баъзеи дигар навӣ мехоҳанд. Фаррух Ҷунайдов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар умури васоити ахбори умуми кишвар дар мавриди Қонуни матбуоти кишвар чунин мегӯяд: «Ин қонун ҳанӯз дар давраи шӯравӣ қабул шудааст ва аз ин нуқтаи назар он аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна шуда, ба талаботи рӯзи журналистони тоҷик ҷавобгӯ нест. Дар он мухолифатҳо ва ҷойҳои холӣ зиёд ба чашм мерасад. Мехостам яке аз онҳоро ба тариқи мисол қайд кунам. Дар банди 9- и қонуни матбуот гуфта шудааст, ки сабти номи васоити ахбори омма дар идораҳои нотариалӣ ба амал бароварда мешавад. Ҳол он ки амалияи имрӯз нишон медиҳад, ки ин кор дар асоси Қонуни шаҳрвандии аз соли 1998 ва Қонун дар бораи сабти ашхоси ҳуқуқӣ аз ҷониби вазорати адлияи кишвар сурат мегирад.»
Вале аз нигоҳи Нуриддин Қаршибоев - сарвари иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон - Нансмит нуктаи заъфи қонунҳои Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори умуми кишварро дар он мебинад,ки дар онҳо мақоми касбии журналист, масъулият ва ҷавобгарии мақомот дар назди журналист барои додани иттилоъ рӯшан дарҷ нашудааст: «Ҳарчанд дар қонунҳои доир ба матбуот ва иттилоъот меъёри дастрасӣ ба иттилоъот муайян карда шудааст, вале механизми ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки аз иҷрои он саркашӣ мекунанд, возеҳу рӯшан нест. Мақоми журналист низ дар қонунҳои Тоҷикистон рушан нишон дода нашудааст. Бинобар ин моҳҳои ахир иқдомҳое буд барои пешниҳод кардани Лоиҳаи Қонун дар бораи ҳифзи фаъолияти касбии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, вале аз ҷониби парламент ин иқдом мавриди қабул қарор наёфт.»
Вале мушкили аслӣ сари чигунагии қонунҳои Тоҷикистон доир ба васоити ахбори умум нест, мегӯянд коршиносони тоҷик дар умури қонунҳои матбуоти кишвар, балки душвории аслӣ сари татбиқи он қонунҳост.
XS
SM
MD
LG