Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2005, 23 миллион доллар афзуда ва ба ҳудуди 900 миллион доллар баробар шудааст. Лариса Сариева, раиси департаменти қарзҳои хориҷии вазорати молияи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт: «Маҷмӯъи қарзи давлатии Тоҷикистон 708 миллион долларро ташкил мекунад, ки ин баробар ба 31 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Қарзҳи боқимонда, ки ҳудуди 200 миллионро ташкил мекунад, ба қарзи субъектҳои хоҷагидорӣ ва кафолати давлатӣ марбут аст. Пардохти қарзҳои мустақими давлатӣ дар соли гузашта ҳудуди 40 миллион доллари амрикоиро ташкил кард. Аммо пардохти фоидаи қарзҳо пешин бошад ба 8 миллион доллар баробар мебошад.»
Қурбоналӣ Азимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон гуфт, тибқи маълумоти қаблӣ маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар ва ё тавлиди нохолиси миллӣ дар соли гузашта 7 миллиарду 200 миллион сомонӣ, муодили 2 миллиарду 500 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст. Ин дар ҳолест, ки Нарзулло Ҳабибуллоев, раиси департаменти буҷаи давлатии вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сатҳи таваррум ва ё инфилятсияи асъори миллӣ дар соли гузашта бештар аз 7 дарсад будааст: «Сатҳи таваррум дар буҷаи соли оянда дар ҳаҷми 5-6 дарсад пешбинӣ шудааст ва вобаста ба сиёсати пуливу имконоти молиявии дар кишвар мавҷуд боварӣ дорем аз ин сатҳ болотар нахоҳад шуд. Мо дефитсити буҷаи даввлатиро зиёд накардем. Дар ҳаҷми ним фоизи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ доштем. Қурби пули миллиро бо арзиши 3 сомониву 24 дирам нисбат ба як доллар дар буҷети соли ҷорӣ пешбинӣ кардем.»
Ӯ ҳамчунин афзуд маблағгузорӣ ҷиҳати пардохти маоши моҳонаи кормандон дар буҷети соли ҷорӣ ба ҳудуди 5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохила ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта як дар сад афзоиш дорад. Ба иттилои Оқои Ҳабибуллоев, ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад дар рӯзҳои наздик бо қарори худ сатҳи маоши моҳонаи кормандони соҳоти буҷавиро баланд бардорад. Аммо чанд дар сад, ӯ мушаххас нагуфт.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG