Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 миллион доллар кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ


Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе, 19 январ эълом кард, ки барои иҷрои тарҳи таҷдиди кори хадамоти шаҳрӣ дар 8 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 15 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳадафи ин тарҳ кӯмак ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки муасиссаҳои коммуналии ин 8 минтақаро таҷдид карда, барои сокинони ин навоҳӣ хадамоти муносибу дастрас пешкаш намояд. Хадамоти коммуналии дастрасу мувофиқ, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз муҳимтарин заминаҳои рушд ва коҳиши камбизоатӣ маҳсуб мешавад.

Муассисаҳои хоҷагии манзил ва коммуналии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бунёд шудаанд, бо гузашти вақт ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуданд, аз ҷумла шабакаҳои таъмини об ва муассисаҳои поксозиии партобҳо. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кори номуносиб ва дар бархе ҳолот ҳатто адами чунин хадамот барои сиҳатии ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва масрафоти мардуми камбизоатро меафзояд.

Тибқи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар 8 минтақа - Данғара, Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Рашт, Ваҳдат ва Восеъ -муассисаҳои хоҷагии манзил ва коммуналӣ таҷдид шуда, дар ин манотиқ партобгоҳҳои нав сохта хоҳанд шуд. Татбиқи тарҳ моҳи марти соли равон оғоз ёфта, 5 сол идома мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бо иҷрои тарҳи мазкур, дастрасӣ ба шабакаҳои обрасонӣ беҳтар ва партобгоҳҳо поктар ва хадамоти шаҳрӣ бештар ҷавобгӯи ниёзҳои сокинони ин 8 шаҳру ноҳия хоҳад шуд.

Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти Бонки Ҷаҳонӣ пайваста, то кунун сармоягузориҳои ин ниҳоди молӣ ба иқтисоди кишвар тақрибан ба 390 миллион доллар баробар шудааст. Дар ҳоли ҳозир, портфели сармоягузориҳои фаъоли Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 11 барномаро ба маблағи 148 миллион доллар дар бар мегирад.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG