Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масдуд шудани роҳҳои Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб


Дар роҳи Хоруғ - Ишкошим даҳҳо мошини боркашу мусофирбар аз ҳаракат бозмондаанд. Муовини раиси ширкати "Помирнақлиёт" Хушназар Абдураҳимов гуфт, агарчӣ ба ин қитъаи роҳ техникаи иловагӣ фиристода шуда, фаъолияти роҳсозон дар ду басти корӣ роҳандозӣ шудааст, аммо тармафуроии пайдарпай наздики як ҳафта аст, ки поксозии ин роҳро ба таъхир мегузорад. Ба гуфтаи Хушназар Абдураҳимов, роҳсозон барои рафъи авоқиби танҳо як тарма, ки паҳнояш якуним километр будааст, дасти кам ду шабонарӯз масраф мекунанд.

Оқои Абдураҳимов афзуд: "Дар самти роҳи Хоруғ Ишкошим тармаи зиёд фуромадааст. Аз километри 9-ум то километри 15-ум, дар километри 25-ум ва ҳам сар аз километри 31-ум то километри 35-уми ин масир ба иллати фуромадани тармаҳо ҳаракати нақлиёт қатъ карда шуд. То имрӯз аксари роҳ тоза карда шуда ва танҳо якуним километри роҳ боқӣ мондааст, ки мо феълан барои пок сохтанаш талош дорем."

Ҳамин тавр, рӯзи чорум аст, ки ба маҳзи масдуд шудани роҳҳо ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҳам дар ҳоли инзивоъ қарор гирифтааст. Муовини раиси ширкати "Помирнақлиёт" Хушназар Абдураҳимов гуфт, роҳсозон дар пайи тоза кардани роҳи Хоруғ - Ишкошим ба масири Хоруғ -Мурғоб сафарбар карда хоҳанд шуд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG