Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд дар Санкт-Петербург ба узвияти ЕвразЭС хоҳад пайваст


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлоси навбатии Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви Ҷомиаи ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё (ЕвразЭС) ширкат хоҳад кард. Нишасти навбатии сарони 5 кишвари узви ин созмон -- Русияву Беларус, Қазоқистону Қирғизистон рӯзи 25 январ дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия доир хоҳад шуд.

Қарор аст, дар ҳамин ҷаласа Узбакистон ҳам расман ба узвияти Ҷомиаи ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё бипайвандад. Узбакистон дар пайи вокуниши шадиди кишварҳои Ғарб ба рӯйдодҳои хунини Андиҷон ба Маскав наздиктар шуд ва аз ҷумла эълом кард, ки мехоҳад ба ЕвразЭС шомил шавад.

Григорий Рапота, дабири кулли Ҷомиаи ҳамкориҳои иқтисодии АвроОсиё, ки дар ин ҳафта аз Тошканд, пойтахти Узбакистон дидан кард, ба думбол ба хабарнигорон гуфт, вуруди ин кишвар ба ҳайъати ЕвразЭС ба ҳамоиши бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат карда, бисёре аз мушкилоти ин минтақаро ҳалл хоҳад кард. Оқои Рапота Узбакистонро як кишвари соҳиби зарфиятҳои фаровони кишоварзиву саноатӣ ва нирӯи инсонӣ ба қалам дода гуфт, узвияти Тошканд дар ЕвразЭС имконоти рушди собити минтақро бештар ва марзҳоро барои мардуми оддӣ ва аҳли тиҷорат бозтар мекунад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG