Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарфиятҳои мавҷуд барои рушди равобити Тоҷикистону Туркия


Радиои Озодӣ: То кадом андоза Тоҷикистону Туркия барои густариши равобити тарафайн аз имконоти мавҷуда истифода мекунанд?

Ҳасаналии Қаратош: Бозаргонони Туркия, ҳатто худи ҳукумати Туркия дар солҳои 1990 хеле зиёдаравӣ карданд, то ҳарчӣ бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тиҷорат кунанд ва ҳамкорӣ дошта бошанд. Умедҳои зиёде, ки дар оғози солҳои навадум падид омад, дар поёни солҳои навадум аз даст рафт. Ба ҳамин далел, ҳоло бисёре аз коршиносон солҳои навадумро марҳалаи имконоти аздастрафта дар минтақа арзёбӣ мекунанд. Тоҷикистон низ аз ҷумлаи ин гуна кишварҳост. Бо вуҷуди ин ки Туркия дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сармоягузориҳои бештаре кардааст, вале сармоягузории Туркия дар Тоҷикистону Узбакистон қобили ситоиш нест. Ин чанд сабаб дорад. Аввал ин ки Қазоқистону Қирғизистон марзҳои худро бар рӯи сармоягузорону тоҷирони туркӣ то андозае боз гузоштанд, сониян, тоҷирони худи онҳо низ дар Анкараву Истамбул бештар фаъолият нишон медоданд, то таваҷҷӯҳи сармоягузорону тоҷиронро ба кишвари худ ҷалб кунанд. Дар ин замина дар давоми 14 - 15 соли гузашта мо фаъолияти тоҷикону узбакҳоро кам мушоҳида мекардем.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон кишвари ҷавонест ва бахшҳои зиёде дар иқтисод мавҷуд аст, ки ба сармоягузории хориҷӣ ниёз дорад. Чаро Туркия аз ин имкон истифода намекунад?

Ҳасаналии Қаратош: Ҳам Туркия ва ҳам Тоҷикистон заминаҳои хуби тиҷорат доранд. Масъала ин аст, ки тоҷирони тоҷик ҳамкорӣ бо тоҷирони Туркияро чӣ гуна мехоҳанд бубинанд. Ин як. Дуввум, тоҷирони Туркия низ худ барои сармоягузорӣ хеле эҳтиёткорона рафтор мекарданд, зеро Туркия худаш чандон кишвари сарватманд нест ва тоҷирони туркӣ дар кишварҳои хориҷӣ чандон муваффақ набудаанд. Ба ҳамин далел, барои барқарор кардани тамос бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд хеле мувозиб буд. Қазоқистону Қирғизистон барои ҷалби сармоя худашон кӯмак мекарданд. Намояндагони расмии давлат саъй мекарданд, дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони конфронси Исломӣ муносибот бо Тоҷикистонро низ густариш диҳанд. Аммо дар зимн Туркия зиёдаравӣ ҳам мекард ва мехост на танҳо дар бахши иқтисод, балқи дар арсаҳои сиёсӣ, илму фарҳанг ва омӯзишу парвариш низ дар минтақа ҳузури бештаре пайдо кунад. Аз сӯи дигар, ман метавонам бигӯям, ки дар ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон муваффақиятҳо низ ҳаст. Қарордодҳои ҳамкории иқтисодӣ вуҷуд дорад. Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои омӯзишу парвариш ҳоло ҳудуди 500 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил мекунанд.

Радиои Озодӣ: Вақте ки мо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ суҳбат мекунем, натанҳо ҳамкориҳои расмӣ, балки ҳамкориҳо миёни ширкатҳо ва сармоягузорони хусусӣ низ дар назар аст. Шумо дар бораи дурнамои имконоти ин ҳамкорӣ чӣ фикр мекунед?

Ҳасаналии Қаратош: Ман ҳадс мезанам, ки дурнамои ҳамкории созмонҳои ғайридавлатӣ дар саросари минтақаи АвроОсиё беҳтар аст, зеро имконоти онҳо аз созмонҳои давлатӣ бештар мебошад. Масалан, Ожонси ҳамкории ТИКА-и Туркия дар Тоҷикистон ва соъири кишварҳои минтақа хеле фаъол аст. Онҳо ҳамкориҳои дуҷониба созмон медиҳанд, давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд. Онҳо ҳамчунин тарҳҳои маҳаллиро низ дар саросари Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд. Муассисаи лицейҳои Туркия низ муваффақ аст. Албатта, онҳо сабки тадриси туркиро ҷорӣ намекунанд. Ман фикр мекунам, онҳо дар оянда барои таъйини сиёсати ҳамкориҳои минтақаӣ нақш хоҳанд дошт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG