Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши Дидбони ҳуқуқи башар роҷеъ ба Тоҷикистон


ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНӢ

Ба гуфтаи Ҳюман Райтс Вотч, интихоботи олуда ба қонуншиканиҳои порлумонии Тоҷикистон баҳои ин кишварро дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон пасттар кард.
Ҳюман Райтс Вотч аз гузориши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо иқтибос кардааст, ки гуфта буд, агарчӣ интихоботи моҳи феврал дар Тоҷикистон назар ба интихоботи гузашта беҳтар буд, аммо мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифт.
Ҳюман Райтс Вотч боз ҳам хулосаи гузориши ниҳоии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо зикр кардааст, ки дар он гуфта мешуд, боздошти раҳбарони асосии мухолифин, тассалути ҳукумат дар маъракаи интихоботӣ, маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳои мустақил аз монеаҳои аслӣ дар роҳи баргузории интихоботи мунсифона арзёбӣ шуда буд.
Дар идома Ҳюман Райтс Вотч навиштааст бо зикри маҳдудиятҳо дар фаъолияти расонаҳои мустақил Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо фаъолияти расонаҳои давлатиро дар маъракаи интихоботӣ нисбатан мутавозин арзёбӣ кард. Аммо бо вуҷуди ин ду нашрияи давлатии Тоҷикистон нахостаанд, гузориши муқаддамотии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо доир ба интихоботро нашр кунанд, ҳатто дар ивази пардохти маблағ.
Ҳюман Райтс Вотч идома медиҳад, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мушкилоти ҷиддиро дар ҷараёни раъйдиҳӣ мушоҳида кардаанд. Тибқи хулосаи онҳо, ҷараёни шумориши раъйҳо дар 54 дар сади ҳавзаҳое, ки нозирон рафтаанд, бад ва бисёр бад будааст.
Ҳюман Райтс Вотч аз иқдоми чор ҳизби мухолифи Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки баъди фосилаи кӯтоҳ аз баргузории интихобот эълон карданд, ки натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунанд, аммо эътирози онҳо на ба сиёсати дохилӣ ва на ба сиёсати байналмилалӣ таъсири чашмгир надоштааст.


МУХОЛИФИНИ СИЁСӢ

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч дар мавриди мухолифини сиёсии Тоҷикистон навиштааст, бо наздик омадани интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврали соли гузашта ҳукумат фишор ба аҳзоби мухолифи сиёсиро шурӯъ кард. Созмон аз кофтукови дафтари Ҳизби Тараққиёт дар моҳи август ёдовар шудааст, ки аъзои он ба нашри як номаи боз Эмомалӣ Раҳмоновро дар истифода аз таҷрибаи ба гуфтаи онҳо “сиёсати наслкушӣ” муттаҳам карда буданд.
Ҳюман Райтс Вотч мусодираи ҳуҷҷатҳои Ҳизби Таррақиёт ва бо гуноҳи таҳқири раисиҷумҳур зиндонӣ шудани Рустам Файзиев муовини раиси ин ҳизбро яке дигар аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хондааст. Рустам Файзиев муовини Султон Қувватовро додгоҳ моҳи июн ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Ҳюман Райтс Вотч сарнавишти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистонро низ дар гузориши худ зикр кардааст, ки тибқи дархости мақомоти Душанбе соли 2004 дар Маскав боздошт шуда буд.
Дар идома созмон моҷарои нопадид шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав ва баъдан ба интиқоли ба Душанберо ёдоварӣ карда гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ин мунтақиди тундлаҳн ва довталаби ширкат дар интихоботи президентиро бо гуноҳҳои мухталиф терроризм ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳюман Райтс Вотч дар идома мегӯяд, мақомоти интизомӣ ҳамчунин дар робита ба парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров чанд нафари дигар аз ҷумла ронандаи оқои Искандаровро зиндонӣ карданд. Ба иддаои яке аз онҳо Бахтиёр Саидов, маъмурони интизомӣ ӯ ва аъзои гурӯҳи дигареро бо азобу шиканҷа дода, маҷбур ба эътирофи иттиҳомот кардаанд.
Дар идомаи гузориши солонаи Ҳюман Райт Вочт доир ба ҳуқуқи инсон мехонем, пас аз ошӯбҳо дар Қирғизистон ва тазоҳуроти оммавӣ дар Узбакистон ҳукумати Тоҷикистон таъқиби фаъолони сиёсии дигарандешро вусъат дод. Додгоҳи кишвар ду узви Ҳизби Сотсиал-Демократ Низомиддин Бекматов ва Насимҷон Шукуровро, ки номзад ба вакилӣ ба порлумон аз ин ҳизб буданд, бо иттиҳоми авбошӣ аз 12 то ба 18 моҳи зиндон маҳкум кард. Ҳюман Райтс Вотч шикояти роҳбарияти Ҳизби Сотсиал-Демократро низ зикр кардааст, ки амри додгоҳро дорони ангезаҳои сиёсӣ хонда буд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Сайфиддин Файзов - узви Ҳизби Наҳзати Исломиро низ ба авбошӣ муттаҳам кард, ки гӯё дар масҷид бо забони нораво сухан гуфтааст. Ҳюман Райтс Вотч дар идома навиштааст, ки раҳбарони Ҳизби Наҳзат иддао карданд, ки иттиҳомоти мазкур барои беобрӯ сохтани Ҳизби Наҳзат дар кишвари умдатан мусулмоннишини Тоҷикистон будааст ва ҳамчунин ҷазое ба оқои Файзов, ки як таблиғотгари фаъол дар маъракаи интихоботӣ будааст. Ҳюман Райтс ҳамчунин боздошти узви дигари ҳизб Абдулвосеъ Абдулҷалолов навиштааст, ки ба бидуни иҷоза таълим додани Ислом ба ноболиғон муттаҳам шудааст.

СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ

Дар бахши дигари гузориши Ҳюман Райтс Вотч доир ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон ин созмон гуфтааст, дар миёни мавҷи тазоҳуроти мардумӣ дар иддае аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, ҳукумати Тоҷикистон аз кӯмакҳои хориҷӣ ба созмонҳои ҷамъиятии дохилӣ нигарон шуд. Моҳи апрели соли 2005 вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон кард, ки сафорат ва созмонҳои хориҷии муқими Душанбе бояд аз иртиботашон ба фаъолони сиёсӣ ва ҷамъиятии маҳаллӣ ба вазорат гузориш диҳанд. Тибқи ин муқаррароти нави вазорати хориҷаи Тоҷикистон, сафорату созмонҳои хориҷӣ муваззаф шудаанд, ки қабл аз ҳар гуна мулоқот бо фаъолони маҳаллӣ вазоратро дар ҷараён гузоранд.

ОЗОДИИ МАТБУОТ

Дар бахши дигар ва доир ба озодии матбуот дар Тоҷикистон Ҳюман Райтс Вотч гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯбии озодии матбуот аз муқаррароти расмии бисёр истифода кард.
Аз ҷумла моҳи августи соли 2004 чопхонаи Ҷиёнхонро, ки рӯзномаи мустақили "Рӯзи Нав"-ро чоп мекард, баст ва то кунун ин рӯзнома чоп намешавад.
Ҳюман Райтс Вотч ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон таҷрибаи бастани чопхонаҳоро дар соли гузашта идома дод ва нашриётеро бастанд, ки рӯзномаи "Нерӯи Сухан"-ро чоп мекард. Созмон аз моҷарои ба маҳкама кашида шудани Мухтор Боқизода сардабири ин рӯзнома бо иттиҳоми саркашӣ аз пардохти молиёт ва дар ниҳоят лағви ин иттиҳомотро ёдоварӣ кардааст.
Дар идомаи гузориш омдааст, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи илю ба рӯзномаи иҷозаи чопи дубора доданд ва танҳо баъди як нашр мақомоти молиёт онро дубора бастанд.
Ҳюман Райтс Вочт аз қатъи пахши барномаҳои телевизиони "Сомониён" дар пойтахти Тоҷикистон навишта гуфтааст, ки мақомоти марбут баъди анҷоми мӯҳлати муҷҷавизи фаъолият Сомониёнро бастанд.
Телевизиони "Гули Бодом", ки бо иттиҳоми нақзи муқаррароти инъикоси маъракаи интихоботӣ баста шуд ва баъдан боз иҷозаи нашри барномаҳояшро гирифт. Дар ҳар ду қазия ба гуфтаи Ҳюман Райтс Вотч ҳомиёни матбуоти озод ангезаҳои сиёсиро сабаб медонанд.
Созмони мазкур бо такя ба гузориши Пажуҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар моҳи май навиштааст, ки ҳукумат ҳанӯз ҳам масъалаи муҷҷавизи 30 расонаро баррасӣ мекунад ва таъхир дар муҷҷавиз додан ба бархе аз онҳо бинобар набудани қонуни марбута ба таъхир гузошта шудааст.
Тарҳи қонуни муҷҷавиздиҳӣ, ки моҳи апрел ба баррасӣ гузошта шуд, ба гуфтаи Ҳюман Райтс Вотч ба мухолифати расонаҳои мустақил рӯ бар рӯ шуд, ки мегуфтанд, ин тарҳ усули шӯравии сензура бар матбуотро эҳё мекунад.
Дар идомаи бахши озодии матбуот, Ҳюман Райтс Вотч аз қазияи пурсарусадои хабарнигори мустақил Ҷумъабой Толибов ёдоварӣ кардааст, ки ҳамчунин раҳбари бахши ҳуқуқии ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд ва бо гуноҳи авбошӣ ва фаро рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон ҳабси ӯро ба мақолаҳои интиқодиаш доир ба додситони ноҳияи Айнӣ иртибот дода, ҳкумашро дорои ангезаҳои сиёсӣ мехонданд. Чун ин гузориш баъд аз раҳоии Ҷумъабой Толибов таҳия гаштааст, доир ба озодии ӯ дар гузориш ишора нашудааст.
Дигар аз маврид доир ба озодии матбуот, ки Ҳюман Райтс Вотч аз он ёдоварӣ кардааст, ки баъди шикояти як проффесори Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон аз мақолаи Ваҳҳоб Одинаев муҳаррири рӯзномаи "Нерӯи Сухан" додгоҳ ин хабарнигорро ба як соли зиндон ва мусодираи 30 фоизи музди кориаш маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG