Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи миллии мубориза зидди зукоми мурғ таҳия шуд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон барномаи миллии пешгирии сирояти зукоми парранда дар қаламрави кишварро барои баррасӣ ва тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод кардааст.
Самариддин Алиев, мудири маркази вогиршиносии Тоҷикистон дар робита ба ин барнома гуфт, барои татбиқи барномаи миллии ҷилавгирӣ аз сирояти зукоми парранда дар Тоҷикистон якуним миллион евро лозим мебошад.
Назира Ортиқова, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар нишасти байналмилалӣ, ки ахиран таҳти назари ин созмон дар Пекин барпо шуд, кишварҳои кӯмакрасон аз барномаи байналмилалии мубориза бо зукоми паррандаро ба маблағи беш аз як миллиард доллари амрикоӣ пуштибонӣ кардаанд. Хонум Ортиқова гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар барномаи миллии худро оид ба ҷилавгирӣ аз ин беморӣ тасдиқ карда бошад, то тавонад ба зуддтарин фурсат ҳаққи худро аз ин маблағҳо дарёфт кунад.
Муллоҷон Амирбеков, нозири давлатии байтории Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд то имрӯз дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳодисаи сирояти зукоми парранда ба қайд гирифта нашудааст, аммо хавфи сирояти ин беморӣ вуҷуд дорад. Ҷаноби Амирбеков мегӯяд, манбаи аслии паҳншавии ин беморӣ метавонанд паррандаҳои муҳоҷир бошанд.
Бино ба маълумоти маркази вогиршиносии Тоҷикистон, ҳукумати кишвар воридоти гӯшту тухми паррандаро ба қаламрави Тоҷикистон аз 10 кишвари содиркунандаи чунин маҳсулот манъ кардааст. Феълан ба Тоҷикистон тухм ва гӯшти мурғ аз се кишвари ҷаҳон -- Эрон, Амрико ва Канада ворид карда мешавад.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG