Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 90 шаҳрванди хориҷӣ дар соли 2005 дар Тоҷикистон


Дар соли 2005 ҳудуди 90 шаҳрванди хориҷӣ аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон мавриди содир кардани ҷиноят дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд ва бино бар омори вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, шумораи ҷинояткории шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон нисбат ба як соли қаблӣ афзоиш карда, ҳудуди 30 далел бештар шудааст. Бар асоси иттилои Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати кофтукови ҷиноии вазорати дохилаи Тоҷикистон, аз он ҷумла, шаҳрвандони Ӯзбакистон- 42 нафар, Украина- 1 нафар, Туркия -2 нафар, Қазоқистон- 6 нафар, Русия- 7 нафар ва Афғонистон- 21 нафар бо ҷурми содир кардани ҷиноят дастгир шудаанд. Оқои Тағоймуродов гуфт, аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ду ҷинояти куштор, 21 ҷинояти убури ғайриқонунии марз ва 14 ҷинояти қаллобӣ содир шудааст. Ин дар ҳолест, ки мегуяд ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, танҳо дар Русия бештар аз 7500 ҷиноят содир кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Ҳумддин Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон аз боло рафтани ҷиноякорӣ дар кишвар изҳорӣ нигаронӣ кард ва гуфт, соли 2005 сатҳи умумии ҷиноятҳо дар дохили кишвар нисбат ба як соли қаблӣ бештар аз 1.000 маврид афзоиш кардааст. Оқои Шарифов афзоиши ҷинояткории ноболиғон ва нафарони қаблан маҳкумшударо таъкид кард. Вазири дохилаи Тоҷикистон дар мавриди ришваситонӣ ва ҷинояткории кормандони вазорати худ гуфт, «Дар соли 2005 ҳамагӣ 10 далели ришваситонии кормандони вазорати дохила сабт шудааст. Мо онҳоро аз кор озод кардем. Инчунин дар соли гузашта 106 корманди вазорат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ҷурми ҷинояти онҳо куштор, дуздӣ, сӯистифода аз мансаб ва ришваситонӣ мебошад.» Бино бар гуфтаи оқои Шарифов, дар соли гузашта беш аз 2.000 корманди вазорати дохилаи Тоҷикистон бо ҷурми қонуншиканӣ ва мавриди адои вазифа хориҷ шудан аз салоҳияти худ аз вазифа барканор гардиданд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG