Пайвандҳои дастрасӣ

Афзудани моҷароҳои иқтисодӣ


Амирхоҷа Ғоибназаров - раиси Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бо тағйир хӯрдани шакли моликият ва афзудани моликияти хусусӣ дар Тоҷикистон теъдоди парвандаҳои марбут ба баҳсҳои иқтисодӣ дар кишвар афзудааст:

«Дар соли сипарӣ аз ҷониби додгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 1938 парванда баррасӣ шудааст. Аз рӯи парвандаҳо баррасӣ шуда ба фоидаи даъвогарон ба маблағи беш аз шаст миллион сомонӣ ва 2 961 257 доллар баррасӣ шудааст.»

Оғои Ғоибназаров ҳамчунин роҷеъ ба ду парвандаи пурсарусадои марбут ба як ширкати туркии "Эмек Иншоот" ва Корхонаи алминиуми Тоҷикистон иттилоъ дод. Вай гуфт, вазорати адлияи Туркия гузориш додааст, ки яке аз додгоҳҳои бонуфузи ин кишвар ба баррасии масъалаи ширкати "Эмек Иншоот" ва иддаои ҳукумати шаҳри Душанбе пардохтааст.
Ширкати "Эмек Иншооот" дар соли 2001 бо ҳукумати шаҳри Душанбе барои сохтани "Аквапарк" дар пойтахт як созишнома ба имзо расонида буд. "Эмек Иншоот" мебоист бо маблағи 2 миллион доллар муодил ин тафреҳгоҳро месохт, аммо ба гуфтаи мақомоти Душанбе ин ширкат дар соли 2004 сохтмонро ниматамом гузошта ва бо қисмате маблағ ба Туркия фирор кард.

Дар мавриди баҳси ширкати Швейтсарягии General Metals ва Корхонаи Алюминиуми Тоҷикистон Додгоҳи Олии Иқтисодӣ созишномаи миёни раиси пешини корхона Абдуқодир Эрматов ва General Metals ба имзорасидаро ғайриқонунӣ ва беасос шумурда ва бо ин ҳукумати Тоҷикистонро аз пардохти 20 миллион доллар ба ширкати General Metals раҳо кардааст.
XS
SM
MD
LG