Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёния доир ба қатъи пахши барномаҳои Би Би Си


Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, қатъи барномаҳои радиои BBC рӯи мавҷи ҒМ дар шаҳрҳои Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар сурат гирифта ва муғойирате ба меъёрҳои байналмилалӣ надорад.
Мақомоти вазорат зимни як нишасти хабарӣ рӯзи чоршанбе гуфтанд, барои дубора аз сар гирифтани пахши барномаҳояш рӯи ҒМ, бояд намояндагии BBC дар вазорати адлия сабти ном шавад ва баъдан муҷҷавизи нашри барномаҳоро аз кумитаи муҷҷавиздиҳӣ дарфёт намояд.
Ин дар ҳолест, ки масъулини дафтари ВВС дар Душанбе мегӯянд, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ваъда додааст, то чор рӯзи дигар посухи расмӣ ба дархости ВВС дар мавриди аз сар гирифтани нашри барномаҳои ин радиоро хоҳад гуфт.
Аммо Ҷумъа Давлат - мудири шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар нишасти хабарӣ ҳозир буд, гуфт, барои азсаргирии нашри барномаҳо ВВС-ро зарур аст, ки тамоми муқаррароти қонуни Тоҷикистонро пушти сар кунад: "Барои пахши барномаҳо ду навъ иҷоза даркор аст, яке аз Кумитаи телевизион ва радио барои оғози барномаҳо ва дигаре аз вазорати алоқаи Тоҷикистон барои иҷораи мавҷ. Пахши барномаҳои ВВС рӯи мавҷи ҒМ дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта қатъ шуда буд."
Ҷумъа Давлат ҳамчунин гуфт, тамоми ашхоси ҳуқуқӣ, аз ҷумла намояндагиҳои хабаргузориҳоро низ мебояд, дар вазорати адлия сабти ном шаванд. Аммо ин амр як гуна ба ҳисобгирии давлатӣ аст ва робитае ба иҷозаи фаъолият надорад, чаро ки иҷозаи фаъолиятро ба хабаргузориҳо вазорати умури хориҷа додааст.
Дар мавриди сабти ном нашудани созмонҳои "Хонаи Озодӣ" (Freedom House) ва Институти Миллии Демократии Амрико, Халифабобо Ҳомидов вазири адлия гуфт, ки дар сурати мутобиқ ба қонунгузории Тоҷикистон пешниҳод шудани асноди ин созмонҳо вазорат онҳоро сабти ном хохад кард.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG