Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши чашмгири ҳаҷми содироти Тоҷикистон


Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 18 январ иттилоъ дод, ки табодули моли Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2005 афзуда, тақрибан ба 2 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст. Зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзоев, раиси департаменти вазорат гуфт, соли гузашта Тоҷикистон бо 88 кишвари ҷаҳон тиҷорат доштааст.
Ӯ афзуд, ҳаҷми содироти мол дар ин давра бештар аз 800 миллион доллар будааст, ки нисбат ба як соли камтар аст. Оқои Мирзоев доир ба иллати афзоиши воридоти мол ба Тоҷикистон ва пойин рафтани ҳаҷми содирот гуфт: "Иллати аслӣ паст рафтани нархи маҳсулоти стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла пахта дар бозори ҷаҳонӣ аст, ки албатта ба содироти ин маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад."
Ҳокимшо Тиллоев, муовини вазири даромад ва пардохтҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, иллати дигари афзоиши воридот он аст, ки муҳоҷирони корӣ дар бисёр маврид ба ҷойи пул ба Тоҷикистон мол ворид мекунанд.
Муовини вазири даромад ва пардохтҳои давлатии Тоҷикистон афзуд, сарфи назар аз назорати мақомоти гумрук молу коло ҳамчунин аз тариқи қочоқ низ ба кишвар ворид мешавад, ки арқоми он дар омори иқтисодӣ сабт намешавад. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши воридоту содироти мол аз тариқи қочоқ низ сабаби пойин рафтани содирот мешавад, зеро талаботи истеъмолкунандаро моли қочоқӣ қонеъ мегардонад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG