Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи нерӯгоҳи нави барқӣ


Ифтитоҳи нахустин нерӯгоҳ мавсум ба Артуч имкон дод, то ки хонаи чаҳор ҳазор сокинони деҳаи Артуч, Мадора ва Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакентро бидуни маҳдудият бо барқ таъмин шавад. Маҳмуд Исрофилов - муовини раиси шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати "Барқи Тоҷик" сохтмони нерӯгоҳи хурди оби барқии Артуч, бо иқтидори 500 киловат соат ва барои ҳазор хоҷагиро дар зарфи шаш моҳи муқарраршуда анҷом дод.
Барои корҳои сохтмонӣ ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ ва барои хариди таҷҳизоти лозим барои нерӯгоҳ 250 ҳазор доллар масраф шудааст. Мақомоти Тоҷикистон, ки сокинонаш дар фасли сармо ҳамвора дар торикӣ мемонанд, мегӯянд, имкон дорад, дар болооби рӯди Зарафшон, қисмати кӯҳистони Масчоҳ ва ноҳияи Айниву Панҷакент 12 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд шавад, ки он барои рафъи норасоии барқ дар водии Зарафшон мусоидат хоҳад кард.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG