Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Анвои зебоӣ"


Абдураҳими Умарзод махсус барои Ҳамнафас

Ҳарчанд зебоӣ як неъмати худовандист, аммо ҳар шахс талош мекунад, симои зоҳирӣ ва ботинии худро бештар ороиш бидиҳад ва аз сӯе ҳам ин як одати инсонист, ки мехоҳад, дар назари ҳамагон зебо бошад. Ҳамон тавре, ки Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳамзамон номзади илмҳои санъатшиносӣ мегӯяд, агар зебоӣ намебуд, зиндагӣ маъно надошт ва зебоӣ ба инсон дар тамоми ҳаёт ҷавониву нерӯи созанда ва нур мебахшад: «Достоевский мегӯяд, ки зебоӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад. Зебоӣ набошад, мардум ягон кӯшиши пеш рафтан, дигаргун сохтани зиндагиаш ва ҷамъиятро намекунад».

Оқои Розиқов меафзояд, зебоӣ дидаи инсонро равшану зиндагиро ширинтар мекунад ва ин бояд шиори ҳар як муқимии курраи замин бошад. Пас оё зиндагии имрӯзаи моро метавон зебо номид?
«Ҳар хел ҷавоб додан мумкин, ба ин саволи шумо, лекин он чи ки ман дидаму ман эҳсос мекунам, метавонам бигӯям, ки хеле хуб аст зиндагии мо».

Аммо Фирӯза Мазардинова, муҳассили Донишкадаи ҳунарҳои нафис мушкилоти рӯзгори модарон ва таъсироти муҳоҷиратро баёнгари набудани зебоӣ дар ҳаёти имрӯзаи мардум мебинад. Ӯ меафзояд:
«Албатта не! Вақте ки оила сарҷамъ нест, чӣ хел метавонем онро зебо бигӯем, албатта не! Баъзе оилаҳое ҳастанд, ки базӯр як қути лоямуте меёбанд».

Зебоӣ барои пайдо намудани ҳамсар ё худ ҳамнафаси ҳаёт бисёр муҳим. Яке барои қади болову дигарӣ барои чашми хумору чаҳорумӣ шефтаи абрӯи думи мор ба ошиқ ва ё маъшуқаи худ дил мебандад. Вале Фирӯза Сарварова муҳассили дигари Донишкадаи ҳунарҳои нафис зебоиро дар ҳунармандӣ мебинад. Зеро, меафзояд ӯ, зебоии мард ба ҳунармандии ӯ сахт бастагӣ дорад; «Мард агар як ҳунар дошта бошаду ҳазор айб, ҳамон як ҳунараш ҳамаи камбудиҳояшро мепушонад».
Гулизор Зубайдова, устоди фанни зебоишиносии Донишкадаи ҳунарҳои нафис мафҳуми зебоиро аз нигоҳи илмӣ ингуна шарҳ медиҳад:

"Зебоӣ ин як соҳаи фалсафаро гӯянд, ки қонуниятҳои умумии дарки эстетикии табиат, ҷамъият ва фаъолияти бадеии одамонро меомӯзад». Одамон зимни фаъолияташон зебоиҳои зиёдеро ошкор месозанд, ё ин ки пайдо мекунанд. Бубинед, ки барои чӣ бо мурури замон ҳамин қадар асрҳо мегузараду асарҳои барҷастаи рассомони давраи эҳё қадру қимати худро гум намекунанд, баръакс таваҷҷӯҳи одамон ба ин асарҳо хеле зиёд мешавад. Барои он ки одамон зебоиро меписанданд".

Ба гуфти хонум Зубайдова, донистани илми зебоишиносӣ барои ҳама аҳли ҷомеа зарур аст, зеро меафзояд ӯ, ҳар субҳ мо фаъолиятамонро дар заминаи тозагии дастархон ва зебогии сару либосамон оғоз мекунем. Акнун ба қароргоҳи бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон «Ҳафтпайкар» меравам ва аз раҳбари он Мукаррамаи Қайюмзод мепурсам, дар ҳоле, ки зебогии либоси сунатии тоҷикиро барои беш аз 48 давлати ҷаҳон муаррифӣ кардааст, пас дар либоспӯшии имрӯзаи мо чӣ гуна зебоиро дида метавонад?

«Ҳатто шаби соли нав ҳам шояд ҳама ид мекарданд, лекин ман мотам доштам. Чун вақте медидам ки гурӯҳҳои ҳунарӣ тамоми либосҳои боз ва либосҳои миллии моро омехтаанд ба арабию ҳиндиву аврупоӣ, ки намедонӣ чӣ ҳаст. Инҳо инқадар аз фарҳанги тоҷикии худашон дур мондаанд. Ин бадбахтии миллати мо ҳаст, ки либоси миллии тоҷикиро саҳнавӣ карданду бараҳна кардаанд. Аммо либос натанҳо зебоиро ҷамоли зеборо ба мо пешниҳод мекунад, балки он сиёсат ҳам ҳаст».

Дилбар Муҳаммадҷонова, тарроҳи либос дар коргоҳи хайётии мавсум ба "Садбарги пойтахт" бар он аст, ки омезиши дӯхти либосҳои миллӣ ба либосҳои аврупоӣ дар байни ҷавонон бар истилоҳ муд гаштааст. Яъне агар бо ҳазл ифода кунем меафзояд ӯ, ҷавонон либосеро мехоҳанд, ки ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшанд ва ҳам барои дискотека рафтанашон муносиб бошад:

«Ҳозир духтароне ҳастанд, ки фақат миллӣ медузанд ё аврупоӣ медӯзанд. Ман ҳаракат мекунам, ки ҳардуи ин намудро омезиш диҳам. Барои ҳамин бисёри вақт полоевропейский талаб мекунанд ва ман дар ҳарду намуд ҳам як нусхаи дӯхти миллиро ҷорӣ мекунам, ки ҳам ба ягон маъракаи миллӣ рафта тавонад ва ҳам барои ягон маҷлис».

Дар ҳамин маврид Хусрави Аминиён, ки дорои 10 соли собиқаи кории аккосист мегӯяд, чизе, ки пеш аз ҳама диққати касро ба худ ҷалб месозад, ин сурати зебо будааст:

« Суратгир бояд ҳунару истеъдоде дошта бошад, ки ҳамон шахсеро дар он хислату характери инсони ҳувайдо аст, ҳамон чизро ба воситаи сурат нишон диҳад. Лоиқи бузургвор ҳам дар як шеъре дар бораи аксҳои Олимпур гуфта буд, ки дар ҳар як нигоҳи аксҳои ӯ як ҷаҳон маъниҳои зиёде ҳаст».

Оқои Аминиён меафзояд оро додани аксҳо тариқи компютар соҳибони онро дар ҳайрат мегузорад ва боварашон намеояд, ки онҳо ҳамингуна ҳусни зебо доранд.
XS
SM
MD
LG