Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Кофӣ Анон ба кишварҳои ҷаҳон


Кофӣ Аннон - дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ҷаҳон ҳанӯз ҳам омодаи муқобила бо пандемияи эҳтимолии бемории зукоми мурғӣ нест ва ҳамзамон аз кишварҳо хост, то ки ба хазинаи байналмилалии мубориза бо ин беморӣ кӯмаки молӣ кунанд.
Баёнияи видеоии Кофӣ Анон имрӯз дар як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Пекин садо дод, ки дар он масъалаи ҷамъоварии маблағ барои ин бунёд баррасӣ мешавад.
Баъд аз суханронии дабири кулли СММ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ваъда дод, ки барои ҷилавгирӣ аз тавсиаи вируси кушандаи бемории зукоми мурғӣ 334 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Пештар аз ин Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки омода аст, дар роҳи муқобила бо бемории зукоми мурғӣ 120 миллион доллар сарф кунад. Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ним миллиард доллар ҷудо намояд.
Мақомоти созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон саъй доранд, дар конфронси шаҳри Пекин барои хазинаи байналмилалии мубориза бо бемории зукоми мурғӣ якуним миллиард доллар ҷамъ оваранд. Ин маблағ барои беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ ва байторӣ дар кишварҳои асосан осебпазир дар назди бемории зукоми мурғӣ пешбинӣ мешавад.
Бемории зукоми мурғӣ аз соли 2003 то кунун сабаби 75 нафар дар кишварҳои осиёӣ шудааст. Ин моҳ чаҳор тифл ба иллати ҳамин беморӣ дар Туркия даргузаштанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун ҳеҷ мавриди бемории зукомӣ мурғӣ дар ин кишвар мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG