Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз шудани "Гӯшаи Амрико"-и Душанбе


Рӯзи ҳаждаҳуми январ дар китобхонаи илмии Академияи Улум дар шаҳри Душанбе бо анҷоми як маросими расмӣ бо ширкати масъулин аз сафорати ИМА дар Душанбе, мақомот ва олимони тоҷик, саввумин «Гӯшаи Амрико» дар Тоҷикистон боз шуд. Мувофиқи иттилоъи сафорати Амрико, дар ин маркиз имкони дастрасӣ ба ахбори тозатарин аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Амрико фароҳам оварда хоҳад шуд. Аввалин чунин «Гӯшаи Амрико» дар Тоҷикистон, баҳори соли гузашта дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ва дуввуминаш дар китобхонаи ба номи Асирии шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ шуда буд. Ҳадаф аз пиёда сохтани барномаи «Гӯшаи Амрико» тақдими иттилооти бештар ва таҳкими муносиботи Амрико бо кишварҳои дигар, дар ин маврид бо Тоҷикистон будааст. Дар доираи ин барнома ҳукумати Амрико ба китобхонаи Академияи Улум китобҳо, таҷҳизоти фаннӣ ва барномаҳои компютерӣ, фиттаҳои видео, аудио ва DVD ва амволу маводи дигари итттилоотӣ дар ҳаҷми 50.000 доллар тақдим кардааст.
XS
SM
MD
LG