Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устоди устодони операи тоҷик, ки ҷавонон фаромӯшаш кардаанд


Аҳмад Бобоқулов пас аз хатми Консерваторияи Давлатии Маскав дар соли 1954 дар саргаҳи операи тоҷик қарор гирифт ва дар тӯли фаъолияти ҳудудан нимасра ба як тан аз тенор ё овозхони маъруфи опера дар олами санъати оперӣ табдил ёфт. Миралӣ Достиев - садри Театри опера ва балети Душанбе мегӯяд, «Шодравон Аҳмад Бобоқулов дар аксари мамолики аврупоӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Ва аммо хидмати назарраси устод Бобоқулов ин аст, ки ӯ тавонист барои нахустин бор операи миллии тоҷикиро рӯи кор орад».

Асалбек Назриев, ҳунарманди театри Лоҳутӣ ва Шаҳрия шоираи маъруфи тоҷик мегӯянд, дар замони табъиди коммунистӣ «Республикаи ман» - як таронаи Мирсаид Миршакаров, ки онро Аҳмад Бобоқулов оҳанг баста месароид, гимн ё суруди миллии рамзии кишвар маҳсуб мерафт. Ва аммо маъруфияту маҳбубияте, ки устод Бобоқулов дар миёни мухлисин дар тӯли 40 соли ахири асри 20 дошт, ба назар мерасад, ки аз байн меравад. Мо ба чанд тан аз шогирдони Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо як суол муроҷиат кардем: "Аҳмад Бобоқуловро мешиносед?» Аксарият ҷавоб медоданд, ки «На, намешиносем, аммо имрӯз устодон моро ба ин консерт овардаанд».

Шаҳрия мегӯяд, суруду таронаҳои устоди устодони опера ва файсағурси маъруф дигар аз садову симои кишвар садо намедиҳад ва дар ин бастагӣ ӯро дигар кам мешиносанду медонанд.

Аҳмад Бобоқулов бино бар гуфтаи Толиб Шаҳидӣ -оҳангбанди маъруф сарояндае буд, ки ҳам дар Шашмақом, ҳам дар фалак ва ҳам дар опера чира буд. Толиб Шаҳидӣ мегӯяд, фалаки маъруфи «Чархофалак»-ро барои нахустин бор Бобоқулов адворбандӣ карда дар саҳнаи опера сурудааст:

Аҳмад Бобоқулов, ки ӯро санъатшиносони тоҷик асосгузори операи миллӣ хондаанд, то рӯзи вопасини умри пурбаракот устоди консерваторияи миллӣ буд ва баёзи суруду романсҳои худро дар 22 асари вокалӣ тасниф кардааст.
XS
SM
MD
LG