Пайвандҳои дастрасӣ

Соли бобарори тирандозӣ


Варзишгари маъруфи кишвар Сурайё Ҷумъаева дар нахустин Бозиҳои бонувони пойтахтҳои кишварҳои осиёӣ ва исломӣ дар Теҳрон дар тирандозӣ аз таппонча соҳиби медали нуқра шуд. Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бандар-Аббоси Эрон барандаи «Ҷоми Халиҷи Форс» гардид. Дар ин мусобиқа Сергей Бабиков дар рақобатҳои инфиродӣ дар тирандозӣ аз туфангча дар мақоми аввал қарор гирифт. Марат Абдукаримов мақоми дуввум ва Олег Набиев мақоми севвумро касб карданд. Сергей Бабиков, ҳамчунин дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе дар тирандозӣ аз туфангча дар ду навъи машқҳо байни мардон бо ду медали тилло сарфароз гашт. Сергей Бабиков, ки ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини соли 2005 дохил шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Солҳои охир, бахусус баъди баргузории панҷумин давраи Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе тирандозӣ дар Тоҷикистон сол то сол рушд меёбад. Зеро ин риштаи варзиш ба қобилияти мудофиавии кишвар робитаи мустақим дорад.»

Ба андешаи генерал Сафаралӣ Раҷабов, муовини аввали раиси кумитаи марказии Созмони мададгори мудофиаи Тоҷикистон, тирандозӣ - яке аз намудҳои асосии ҳарбию амалӣ маҳсуб мешавад ва он бояд дар ҳаракати варзишии кишвар мақоми сазоворро соҳиб бошад: «Ба назари ман барои рушди минбаъдаи тирандозӣ дар Тоҷикистон таҳия ва қабули барномаи вижаи кумитаҳои варзишу олимпӣ, федератсияи тирандозӣ ва Созмони мададгори мудофиаи кишвар барои ояндаи наздик зарур аст.»

Олег Набиев, сармураббии дастаи мунтахаби тирандозии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки варзишгарони кишвар соли гузашта дар мусобиқоти байналмилалӣ ба иллати камбуди маблағ кам ширкат карданд, вагарна дастовардҳояшон боз ҳам афзун мегашт. Вай мегӯяд: «Ба ҷуз варзишгарони пуртаҷриба -- Сергей Бабиков, Марат Абдукаримов ва Сурайё Ҷумъаева тирандозони ҷавони тоҷик порсол аз имконоти ҳунарнамоӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум буданд. Ҳайати дастаи мунтахаби кишварро варзишгарони аз 40-сола боло ташкил медиҳад. Бинобар ин мо мақсад дорем, имсол бештар ҷавононро ба тими мунтахаб дохил созем, то ки онҳо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ кунанд.»

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари мо Шариф Азизов, корманди масъули Созмони мададгори мудофиаи Тоҷикистон тирандозӣ феълан дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд рушд ёфтааст: «Дар пойтахти кишвар бошгоҳи варзишии тирандозӣ фаъолият дорад. Машқгоҳи тирандозии пойтахти кишвар барои баргузории мусобиқоти байналмилалӣ созгор аст. Дар ин ҷо соли 2003 сабқати тирандозон мувофиқи барномаи панҷумин давраи Бозиҳои Осиёи Марказӣ ва соли гузашта нахустин мусобиқоти қаҳрамонии кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ баргузор шуданд. Вале барои рушди тирандозӣ дар Тоҷикистон масоили ҳалталаб зиёд аст. Бар асари воқиаҳои фоҷиабори солҳои 90-ум дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар тамрингоҳҳои тирандозӣ хароб гаштааст. Ҳамчунин теъдоди мураббиёни ин намуд коҳиш ёфтааст.»

Соли равон тирандозони тоҷик дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаи қаҳрамонии варзишгарони кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ дар пойтахти Беларус -- шаҳри Минск ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG