Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон


Рӯзи 17 январ Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмонов, руъасои ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон дар як мулоқот вазъи равобити ду кишварро баррасӣ карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод ба думбол дар нишасти муштараки матбуотиаш бо Эмомалӣ Раҳмонов бо ишора ба собиқаи таърихӣ ва пайвандҳои фарҳангии миёни ин ду кишвар гуфт, бояд аз ҳамаи имконоти мавҷуд барои таҳкими ҳамкориҳо истифода кард. Оқои Аҳмадинажод гуфтааст, ки Эрон пешрафт ва тараққии Тоҷикистонро пешрафт ва тарақии худ медонад ва саъй мекунад барои густариши равобит дар чаҳорчӯби комиссиюни муштарак иқдом кунад. Ӯ афзуд: "Корҳои хубе анҷом шуда, аз он тафоҳумоту қарордодҳо корҳои муштараки фаровоне дорем, аммо зарфиятҳои холӣ бисёр аст. Он қадар бояд биравем ҷилавтар, ки он ҳама пайвандҳо муҷаддадан барқарор шаванд ва ҳамаи зарфиятҳои муштарак истифода бишаванд."

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба зарурати ҳамкории ду кишвар дар созмони иқтисодии Шанхай ва созмони конфронси исломӣ таъкид кард ва хоҳони ҳамкории сеҷониба миёни Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон шуд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, эҳдоси туннели Анзобу Шаҳристон ва нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда - 2 тавассути Эрон дар Тоҷикистон нишондиҳандаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар аст. Ӯ афзуд, аз ҳузури ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Эрон дар саноеъи нафту газ, маъдан, обу барқ, кишоварзӣ ва роҳҳои мошингарди Тоҷикистон истиқбол мекунад.

Баъди ин нишасти матбуотӣ дар Теҳрон давраи аввали мулоқотҳои баландпояи ҳайъати Тоҷикистон ва ҳукумати Эрон оғоз шуд. Аз ҷумла ин мулоқотҳо дар сатҳи мақомоти энержии ҳар ду кишвар ҷараён мегиранд. Эрон омодагии худро барои бунёди ниругоҳи обии барқии Сангтуда -2 изҳор доштааст ва қарор аст, ки ин сохтмон асосан аз ҳисоби ҳукумати Эрон бунёд шавад. То имрӯз ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон дар бунёди нақби Анзоб кӯмак карда, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як корхонаи мурғпарвариро ифтитоҳ кардааст. Қарор аст, сафари ҳайъати баландпояи Тоҷикистон ба Эрон ду рӯзи дигар идома кунад. Дар ин муддат ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарияти парлумон, вазорати умури хориҷа ва собиқ раиси ҷумҳури Эрон низ гуфтугӯҳо анҷом диҳанд.
Хиромони Бақозода, Прага
XS
SM
MD
LG