Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харитаи фақри Шӯравии собиқ


Мизони афзояндаи рушди иқтисодии ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ба коҳиши нишондодҳои фақру бенавоӣ дар ин кишварҳо мусоидат кардааст, мегӯяд, гузориши тозанашри Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран дар Варшава, пойтахти Лаҳистон муаррифӣ шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар солҳои ахир мизони фақр дар кишварҳои собиқ шӯравӣ аз 20 дар сад то 12 дар сад коҳиш ёфта, акнун 61 миллион ҷамъияти ин кишварҳоро фаро мегирад. Камтарин мизони даромади мардуми ин кишварҳо рӯзона дар ҳудудан 2 доллар арзёбӣ шуда, боқӣ 153 миллион аҳолии кишварҳои собиқ шӯравӣ бо даромади 4 доллар дар рӯз ба сар мебаранд. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ба ин бахш кишварҳои мисли Қазоқистон, Русияву Украина ва узви нави Иттиҳодияи Аврупо - Лаҳистон ҳам дохил мешаванд.

Дар айни замон, мизони фақр дар ҷумҳурии Тоҷикистон, назар ба иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳудуди 70 дар сад боқӣ мемонад. Ин ниҳоди бонуфузи молӣ мегӯяд, новобаста ба болоравии сатҳи маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, ки дар соли 2004-ум 10 дар садро ташкил додааст, нишондоди фақр дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар пояи баланд қарор дорад.

Рустам Бобоҷонов, мутахассиси стратегияи коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон аммо мегӯяд, маълумоти мутахассисони маҳаллии Тоҷикистон мизони камбизотӣ дар ин кишварро на 70 дар сад, балки 64 дар сад арзёбӣ мекунад, аммо бо ин вуҷуд, ин кишвар дар муқоиса бо ҷумҳуриҳои дигари собиқ шӯравӣ дар бадтарин вазъ қарор дорад:

"Вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон хуб нест, аммо ба ҳар сурат мо аз бӯҳрон ба тадриҷ берун мешавем. Тоҷикистон кишвар аз назари камбизоатӣ дар қаламрави собиқи шӯравӣ дар ҷойи аввал аст, баъдан Молдова дучори фақри саросарӣ аст, баъд Қирғизистону, Арманистону Гурҷистон низ ҳастанд."

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, мизони фақр ба вижа дар манотиқи рустову кӯҳдомани ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ғолибан бар асари бекории саросарӣ дар чунин сатҳи боло боқӣ мондааст. Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки дар чунин шароити рушди иқтисодӣ, то соли 2007 ҳудудан 40 миллион аҳолии собиқ шӯравӣ ҳамчунон дар ҳоли нодориву камбизоатӣ ба сар хоҳанд бурд ва 110 миллион нафари дигар дар ҳолати ба истилоҳи Бонки Ҷаҳонӣ, риск ва ё хатари иқтисодӣ боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG