Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фиристандаи нави чиноӣ барои вазорати мухобироти Тоҷикистон


Саид Зувайдов, вазири мухобироти Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, фарогирии аҳолии кишвар бо барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар соли нави 2006 98 дар сад ва барномаҳои радиои миллӣ 76 дар сади аҳолиро дар бар хоҳад гирифт. Ҷаноби Зувайдов афзуд, қарор аст, дар рӯзҳои наздик бо пуштибонии молии вазорати мухобироти кишвари Чин дар Душанбе ва Хуҷанд ду фиристандаи ҷадиди рақамӣ насб карда шавад. Саид Зувайдов мегӯяд: "Ин 2 фиристанда бо кӯмаки ҳукумати Чин якеро дар Душанбе, дигареро дар Хуҷанд насб карданием. Ин фиристандаҳо иқтидори зиёд дошта, бо системи стерео ва сифати баланд кор мекунанд."

Саид Зувайдов бо изҳори таассуф афзуд, як мушкили аслие, ки дар роҳи фарогирии боз ҳам бештари аҳолии кишвар монеъа эҷод мекунад, таъмини нокифояи аҳолии манотиқи кӯҳистон бо нирӯи барқ мебошад. Вай мегӯяд, сарфи назар аз чунин мушкилот, вазорати мухобирот талош дорад, тавассути сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молӣ, соҳаи мазбурро бо таҷҳизот ва фанновариҳои муосир таъмин намояд, то дар сартосари кишвар ва ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя, аз хидмати босифати мухобиротӣ, бахусус барномаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон, таъмин бошанд. Ҳоло барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар Афғонистон низ пахш мешаванд.

Бино ба маълумоти вазорати мухобироти Тоҷикистон, дар соли 2005 120 фиристандаи ҷадиди телевизонӣ ва радиоӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 46 адад, дар вилояти Хатлон 21 адад ва дар навоҳии тобеъи марказ 53 адад фиристанда насб карда шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, насби фиристандаҳои ҷадид имкон додаст, ки аз барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон аҳолии як қатор навоҳии кишварҳои Узбакистону Афғонистон низ баҳраманд шаванд.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG