Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи ду коргоҳи тавлиди ҳероин дар шимоли Афғонистон


Масъулони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси иттилоъи ироакардаи ин ожонсӣ, кормандони вазорати дохилаи Афғонистон дар минтақаи шимоли он кишвар ду корхонаи тавлиди ҳероинро маҳв сохтаанд. Аваз Юлдошев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар ин маврид гуфт: "Чанд нафар аз қочоқбарони афғон аз сӯи оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бо 200 кило ҳероин ва силоҳи оташфишон боздошт гардида, то ҳол дар маҳбас ба сар мебаранд. Ва пас аз он ки муфаттишони оҷонсӣ ба таҳқиқи ин парванда шурӯъ карданд, боздоштшудагон дар мавриди корхонаҳои тавлиди ин маводи мухаддир маълумот доданд. Ин маълумотро мо ба вазорати дохилаи Афғонистон расонидем ва онҳо дирӯз ба мо хабар доданд, ки ду корхонаи тавлиди ҳероин дар шимоли Афғонистон нобуд карда шуд." Оқои Юлдошев афзуд, яке аз ин корхонаҳо иқтидори тавлиди 20 кило ва дигаре 10 кило ҳероин дар шабонарӯзро доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Файзулло Абдуллоев, муовини раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, дар соли 2005 Афғонистон аз лиҳози тавлиди маводи мухаддир миёни кишварҳои ҷаҳон мақоми панҷумро касб карда ва нисбат ба як соли қаблӣ ду зина поин рафтааст. Ӯ афзуд, ки бо ин вуҷуд кормандони оҷонсӣ дар ҳамкорӣ бо хадамоти махсуси Афғонистон ва кишварҳои узви иттиҳоди давлатҳои мустақил дар соли гузашта бештар аз 1 тоннаву 500 кило маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд. Нишондоди мазкур нисбат ба як соли қаблӣ ҳудуди 900 кило афзоиш доштааст. Аммо ӯ мегӯяд, соли 2005 ҳарчанд нирӯҳои марзбони рус марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро дар шаш моҳи аввал нигаҳбонӣ мекарданд, вале чун солҳои қаблӣ дар кашфу мусодираи маводи мухаддир чун солҳои қаблӣ саҳм надоштаанд: "Мутаассифона, дар шаш моҳи соли 2005, марзбонони рус, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон буданд, ягон кило ҳероин боздошт накардаанд. 239 килое, ки мо нишон додем марзбонони рус дар ҳамкорӣ ва аз рӯи маълумоти раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати дохилаи Тоҷикистон кашф ва мусодира карданд. Ва аз вақте ки марзбонони тоҷик нигаҳбонии ин марзро бар дӯши худ гирифтанд, дар нимсолаи дуввум мусодираи маводи мухаддир хеле афзоиш ёфт."

Оқои Абдуллоев афзуд, кормандони оҷонсӣ соли гузашта дар танҳоӣ бештар аз 900 кило маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд, ки ҳудуди 600 килои он ҳероин мебошад. Ба эътиқоди ӯ кашфу мусодираи маводи мухаддир аз сӯи кормандони оҷонсӣ дар соли гузашта нисбат ба соли 2004 ҳудуди 200 кило афзоиш кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG