Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз 1 000 000 $ барои мубориза алайҳи фасод


Оҷонсии шведии рушди байналмилалӣ (SIDA) ба хотири таҳкими иқдомоте ҷиҳати мубориза бар зидди ришвахорӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз як миллион доллар ихтисос додааст. Ин маблағ дар доираи тарҳе ҷудо шудааст, ки Барномаи Рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта ва дар асоси он нақшаи иқдомоти эҳтимолӣ барои пешгирӣ аз густариши ришвахорӣ тартиб додаву ба ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳову афроди зидахл пешниҳод хоҳад шуд. Бино бар иттилоъи дафтари UNDP дар Тоҷикистон, дар давраи аввали ин тарҳ вазъ ва сатҳи ришвахорӣ дар соҳоти мухталифи ҳаёти Тоҷикистон таҳқиқ ва омӯхта мешавад. Давраҳои баъдӣ таҳкими нақши порлумон дар назорат аз болои буҷа ва боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи фасод ва иқдомоте, ки барои мубориза бар зидди он рӯи даст гирифта шудааст, дар назар дорад. Тарҳе, ки SIDA маблағгузорӣ мекунад, се сол идома ёфта ва барои иҷрои он UNDP низ 120.000 $ ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG