Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбӣ аз ҳузури қонунии тоҷикон дар Руссия


Бар асоси омори расмии давлати Русия, ҳоло то 400 ҳазор нафар муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд. Ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати кори Тоҷикистон, дар Маскав давлати Русия танҳо ба 5000 нафар иҷозаи кор додааст. Боғшоҳ Лашкарбеков-раиси ҷамъияти Тоҷикони муҳоҷири муқими Маскав мавсум ба "Нур" дар бораи адами ҳамоҳангии иҷрои ин қонун аз суи давлати Русияву Тоҷикистон ва камбудиҳои ин қонун гуфт:

"Чизе ки, пеш буд, чизҳои умумӣ буданд. Яъне тибқи қонуни давлатӣ навишта шудаанд онҳо . Муҳоҷир бояд биёяд, сабти иқомат кунад, кор расман бояд қайд шавад, ин иҷозаҳо қаблан ҳам буданд.Агар воқеъан инҳоро расмӣ кунанд, яъне иҷозати кор бедиҳанд, дар он сурат барои тоҷикон бисёр сабук мешавад . Вақте ки муҳоҷир меояд ва аз фурудгоҳ мегузарад, ҳамин барои вай қонун шавад, ки дигар уро пулис дастгир накунад ва ҷарима ҳам накунад. Ин тавр бисёр хуб мешавад, вале муҳоҷир биёяд ва баъд аз се руз сабти ном кунад ин кор бефоида аст".


Шарифбек Садридинов, ки аз чанд сол бад-ин су дар ширкати сохтмонии Русия кор мекунад гуфт, ки наҳваи иҷрои ин қонун то ҳол рушан нест ва дар кори онҳо баъд аз тасвиби ин қонун дар порламони Руссия низ беҳбудие ба чашм намерасад:

"Қонун бисёр хуб аст, вале намедонем, ки назди кӣ беравем ва чӣ кор кунем. Ба мо то ҳол чизе дастрас нашудааст. Мо ин тарафу он тараф медавем, фақат ба кисаи пулис мешавад тамом. Дар ҳамин ҷо 100 нафар тоҷик кор мекунад. Ҳамаи онҳо омодаанд, ки тибқи қонун сабти иқомат кунанд ва иҷозати кор бегиранд, то ки мисли шаҳрвадони Русия озод дар Русия бегарданд. Мо аз тарафи корхона то ба ҳол шартнома имзо накардаем."

Абдулмаҷид Ҳасанов низ дар яке аз ширкатҳои сохтмонии Москов кор мекунад ва мегуяд, ки пас аз иҷрои қонун низ ширкатҳои сохтмонӣ бо муҳоҷирини кории тоҷик аз имзои қарордод дар бораи кор даст мекашанд ва намехоҳанд, ки муҳоҷирони кориро расман ба кор бегиранд.

"Ман ихтисосам ронанда аст. Як соли ахир ман дар сохтмон дар шаҳри Маскав кор мекунам. Мо тақрибан 12 нафар дар як ҷо кор мекунем. Ҳиҷ ҳуқуқ надорем ва ҳиҷ кас бо мо расман шартнома намебандад. Агар мо ин масъаларо бемонем ки, биёед шартнома бибандем, аз мо даст мекашанд ва мегуянд, ки мо бо шумо шартнома намебандем. Онҳо мегуянд, агар хоҳед 10 ё 12 ҳазор ба шумо маош медиҳем, хоҳед кор кунед, нахоҳед роҳи сафед. Ширкатҳои ин ҷо шартнома намебанданд. Бархе аз ширкатҳо пулҳои моро намедиҳанд, Моро фиреб мекунанд ва мо неметавонем беравем шикоят кунем, азбаски мо дар ин ҷо ғайриқонунӣ ҳастем ва ҳич шартнома надорем."

Александр Чекалин-муовини вазири умури дохилаи Русия мегуяд, иҷрои ин қонун аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ мекунад ва ба мақомоти Руссия имкон медиҳад, раҳбарони корхона ва ширкатҳое, ки муҳоҷиронро ғайриқонунӣ ба кор мегиранд, муҷозот кунанд. Аммо дар ҳоли ҳозир мақомоти Руссия ҳич як аз раҳбарони чунин ширкат ё корхонаеро ба ин далел муҷозот накардааст. Бино ба маълумот, дар Руссия танҳо 5 дарсади муҳоҷирини кории тоҷик иҷозаи кор доранд.
XS
SM
MD
LG