Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист миллион $ хисороти муассасоти давлатӣ дар соли 2005


Бар асоси иттилои Матлубхон Давлатов, раиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон, кумитаи мазкур дар соли 2005 бештар аз 60 миллион сомонӣ ва ё ҳудуди 20 миллион доллар хисороти молӣ дар мақомот ва муассисоти давлатии кишварро кашф кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ин маврид ҳудуди 290 маводи тафтишӣ ба мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла додситонии кулл, вазоратҳои дохила, амният фиристода ва дар зимн ҳудуди 200 шахси масъул муҷозот шуда, бештар аз 70 мансабдор аз курсиҳои худ барканор гардиданд. Оқои Давлатов ҳамчунин гуфт, аз ҷамъи маблағҳои кашфшуда дар мақомот ва муассисоти давлатии Тоҷикистон, ки берун аз ҳадафи аслӣ харҷ шудаанд, ҳудуди 6 миллион сомонӣ, муодили 2 миллион доллар бозпас барқарор карда шуд. Қосимҷон Мӯминов, сардори идораи истифодабарии амволи давлатӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои Кумитаи назорати давлатии молиявӣ гуфт, соли гузашта кормандони кумита ҳудуди 4 миллион сомонӣ хисороти молӣ аз сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро низ ошкор карданд:
«Қисми зиёди он аз изофанависӣ, зиёда аз 3 миллион сомонӣ дар бунёди нақби Анзоб буд, ки сари вақт мо чораҳои ҳалли онро андешида ва бо ҷониби иҷрокунанд ва сармоягузор Ҷумҳурии Исломии Ирон мувофиқа кардем.»
Ба эътиқоди оқои Қосимов, пардохти се миллион сомонӣ хисороти ворида аз изофанависӣ дар бунёди нақби Анзобро ҷониби Ирон бар дӯш гирифта ва бо ҳамин миқдор маблағи қарзи Тоҷикистон аз ин кишвар ҳисобӣ шудааст. Ӯ мегӯяд, дар чаҳор соли фаъолият кумитаи назорати давлатии молиявӣ бештар аз 7 миллион сомонӣ хисороти молӣ ҳангоми истифодаи маблағи қарзҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистонро кашф кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG