Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корвони Осиё" шуморо ба манзилатон мебарад


Ва мо низ барои таҳияи гузориш аз вазъи бозори нақлиёти мусофирбарӣ дар пойтахт аз хизмати таксӣ - 33 истифода кардем:

« - Бале, такси 33 гӯш мекунам.
-Салому алайкум, ба ман такси лозим.
-Аз куҷо то ба куҷо меравед?
-Аз кӯчаи Интернатсионалная то фурӯдгоҳ. Маблағи роҳкиро чи қадар мешавад?
-Ин мешавад 7 сомонӣ.
-Таксиро чи қадар вақт интизор шавам?
-Пас аз 10-15 дақиқа такси дар назди манзилатон шуморо интизор мешавад.
-Рақами давлатии такси фиристодаатонро мегуфтед.
-Ин такси тамғаи .... ва рангаш .... аст. Рақами давлатиаш .... мебошад.»


Ва пас аз 30 дақиқаи интизорӣ такси 33 дар назди бинои корхонаи мо ҳозир шуд. Зиёвуддин Сайфиддинов, ронандаи таксии мазкур мегӯяд, таи се моҳи ахир бар асоси қарордод бо корхонаи «Корвони Осиё», ба сокинони Душанбе хизмат мерасонад. Ва тибқи қародод, мегӯяд ӯ, даъвати телефонии муштариёнро танзимгарони ширкати «Корвони Осиё» қабул мекунанд. Ронандаҳо ва маркази танзимгарии ширкат аз тариқи дастгоҳи мухобиротӣ ва ё ратсия дар робита ҳастанд. Ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, тибқи шартнома ҳаққи корхонаи «Корвони Осиё» 10 % - и даромад аз хизматрасонии мо мебошад. Аммо ӯ афзуд, бо сабаби он ки нархномаро танзимгарони корхона муайян мекунанд ва ҳудуди 50 дарсад аз ҳаққи хизмати токсиҳои хусусӣ арзонтар аст, феълан, ба ронандаҳои корхона фоидаи зиёд намеорад:

«Барои ман шахсан мувофиқ нест. Чунки агар маводи сӯхти мошин газ бошад, ки хеле аз бензин арзон аст, даъвати такси бепул бошад, мумкин аст хароҷот зиёд нашавад. Зеро ман аз як ҷо ба ҷои дигар муштариро мебарам ва интизор мешавам, ки кай бо даъват мешавам. Ҳозир шукри Худо 10-15 сомонӣ дар як рӯз фоида мемонад, ки боз мошинро бо ин маблағ таъмир кардан лозим мешавад.»

Ин дар ҳолест, ки корхонаи «Корвони Осиё» ронандаҳоро бо мошинаи шахсии худи онҳо ба кор қабул мекунад ва ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, масъулияти тармими нақлиётро худи ронанда бар ӯҳда дорад. Ва ҳамзамон бо ин, афзуд ӯ, хисороти даъвати бардурӯғи муштариро низ корхона пардохт намекунад:

«Ҳамин шаб чанд нафар дар истгоҳи роҳи оҳан даъвати бардурӯғ карданд. Ҳатто ба ҳолам чаҳор нафар истода механдиданд ва якдигарро барои даъват гунаҳкор мекарданд. Вале дар танҳоӣ аз дасти ман чизе намеояд. Дар се моҳи кор карданам дар корхонаи Корвони Осиё, ҳудуди 150 сомонӣ зарар дидаам.»

Ва дар ҳамин ҳол, Саидшо Каримов, як сокини Душанбе, ки аз хизмати ширкати такси 33 чанд дафъа истифода кардааст, мегӯяд, Тоҷикистон барои таъсиси чунин як ширкатҳои мусофирбарӣ ниёз дорад, зеро феълан корхонаи такси 33 чунин як ширкатҳои рақиби худро надорад ва ҳарчанд арзиши роҳкирои токсиҳои ин корхона аз токсиҳои хусусии мустақил арзонтар аст, аммо ҳолати техникии бархе аз нақлиёти ин корхона мутобиқ ба ниёзи муштариён нест:

«Хуб мешуд, ки корхонаи такси 33 парки худро бо мошинҳои наву дар ҳолати хуби техникӣ таъмин мекард. Зеро чанд рӯз қабл ман яке аз ин таксиҳоро даъват кардам ва дар роҳ мошина аз кор монд ва ман маҷбур шудам бо такси дигар ба манзилам равам.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Маҳмадалӣ Исоев, муовини раиси корхонаи хусусии «Корвони Осиё», ҷиҳати бастани қарордод бо ронандаҳо корхона талаботи махсуси худро дорад:

«Якум мо собиқаи кории ронандаро ба назар мегирем, ки на камтар аз панҷ сол бошад. Дуюм вазъи техники мошинро, ки аз соли тавлидаш аз соли 1990 поён набошад. Ҳар як ронандаро бо ратсия таъмин карда ба онҳо қарордод мебандем.»

Ӯ афзуд, феълан дар Душанбе бештар аз 40 токсии корхона фаъол аст ва тасмим доранд, теъдоди онҳоро афзоиш диҳанд.Аммо дар ҳамин ҳол, теъдоди зиёди токсиҳои хусусӣ ба сокинони Душанбе хизмат мерасонанд, вале корхонаҳои давлатӣ дар ин самт аслан фаъол нестанд.
XS
SM
MD
LG