Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ва Ирон мулоқот мекунанд


Н.Х

Қарор аст, имруз руасои ҷумҳури Тоҷикистону Афғонистон ва Ирон дар Теҳрон мулоқот кунанд. Ҳафтаи пеш ин хабарро дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мунташир карда буд. Чанд рузи пеш ҳайате аз Тоҷикистон мураккаб аз Ҳаким Солеҳов-вазири иқтисоду тиҷорат, Абдураҳим Ашуров-вазири роҳу нақлиёт, Ҷурабек Нурмуҳаммадов-вазири энержӣ ва ҳамчунин муовини вазири хориҷа ва муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон вориди Теҳрон шуд, то заминаи мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро бо ҳампоягони ирониву афғониаш Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинеҷод омода кунад. Дар ин мулоқот бештар роҳҳои тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии миёни ин кишварҳо баррасӣ хоҳад шуд. Миёни ин кишварҳо ҳамчунин қарордод дар бораи сохтмони роҳи автомобилрав аз Тоҷикистон тавассути шимоли Афғонистон ба Ирон вуҷуд дорад. Аз ин роҳ дар оянда колоҳои тронзитӣ интиқол хоҳад ёфт.

Н. Холзода
XS
SM
MD
LG